Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Омӯс 3:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 «Фақат шуморо Ман аз ҳамаи қабилаҳои замин шинохтам, бинобар ин шуморо барои ҳамаи гуноҳҳотон ба ҷазо мустаҳиқ хоҳам кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Омӯс 3:2
37 Iomraidhean Croise  

Инҳоянд қабилаҳои писарони Нӯҳ, мувофиқи насаби онҳо, дар халқҳои онҳо. Аз онҳо баъд аз тӯфон халқҳо бар рӯи замин паҳн шуданд.


Зеро ӯро барои он шинохтаам, ки фарзандони худро, ва аҳли байти худро баъд аз худ амр хоҳад фармуд, ки роҳи Худовандро риоя карда, адлу инсофро ба амал оваранд, то ки Худованд он чи дар ҳаққи Иброҳим гуфтааст, ба вай бирасонад».


Ва алҳол рафта, ин қавмро ба он ҷое ки ба ту гуфтаам, бибар; инак, фариштаи Ман пешопеши ту хоҳад рафт; вале дар рӯзи ҷазо доданам онҳоро барои ин гуноҳашон ба ҷазо мустаҳиқ хоҳам кард».


Мо мисли касоне шудаем, ки Ту гӯё ҳаргиз бар онҳо ҳукмронӣ накарда бошӣ, ва онҳо ба исми Ту номида нашуда бошанд.


Зеро инак, Ман ҳамаи қабилаҳои мамлакатҳои шимолро даъват хоҳам намуд, — гуфт Худованд, — ва онҳо омада, ҳар яке тахти худро дар даҳани дарвозаи Ерусалим, ва назди ҳамаи деворҳои он гирдогирд, ва назди ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо барқарор хоҳанд кард.


Ғазаби Худро бар халқҳое бирез, ки Туро намешиносанд, ва бар қабилаҳое ки исми Туро намехонанд; зеро ки онҳо Яъқубро хӯрдаанд, ва ӯро хӯрда, талаф намудаанд, ва манзили ӯро хароб кардаанд.


Бинобар ин Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Инак, онҳоро ҷазо хоҳам дод: ҷавононашон ба дами шамшер хоҳанд мурд, писаронашон ва духтаронашон аз қаҳтӣ хоҳанд мурд.


Ту чӣ хоҳӣ гуфт, чун Ӯ туро танбеҳ намояд? Худат, охир, онҳоро омӯхта кардаӣ, ки бар ту сардор бошанд; оё дардҳо туро, мисли зане ки мезояд, фаро намегирад?


Худованд дар бораи ин қавм чунин мегӯяд: «Чунон ки онҳо ба овора гаштан муҳаббат дошта, пойҳои худро нахостанд боздоранд, ончунон Худованд ба онҳо таваҷҷӯҳ накард, ва алҳол гуноҳашонро ба ёд оварда, онҳоро барои маъсияташон ҷазо медиҳад».


«Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман ҳамаи онҳоеро, ки дар ҷисм махтун ҳастанд, ҷазо хоҳам дод:


Ва бар ту, ба сабаби тамоми аъмоли зишти ту, корҳое хоҳам кард, ки ҳаргиз накардаам, ва мисли онҳо дигар нахоҳам кард.


Пирон, ҷавонон ва духтарон, ва кӯдакон ва занонро кушта нобуд кунед, валекин ба ҳар касе ки бар худ аломат дорад, наздик нашавед, ва аз хонаи муқаддаси Ман оғоз намоед». Ва онҳо аз пироне ки пеши хона буданд, оғоз карданд.


Ва Ӯ каломи Худро, ки дар ҳаққи мо ва дар ҳаққи доварони мо, ки бар мо доварӣ мекарданд, гуфта буд, иҷро намуда, бар мо мусибати бузурге овард, ки мисли он зери тамоми осмон ба амал наомадааст, чунон ки дар Ерусалим ба амал омадааст;


Ва аз боиси айёми Баалҳо варо ҷазо хоҳам дод, ки он вақт вай барояшон бухур месӯзонид, ва худро бо ҳалқаҳои гӯшу бинӣ ва бо гарданбандҳо оро медод, ва аз паи хушдоронаш мерафт, вале Маро фаромӯш карда буд, мегӯяд Худованд.


Ман Эфроимро мешиносам, ва Исроил аз Ман ниҳон нест; зеро ки ҳоло ту, эй Эфроим, саргарми зино шудаӣ, ва Исроил палид гардидааст.


Дар хусуси қурбониҳои сӯхтании Ман бошад, беҳтар аст, ки забҳ карда, гӯшташро бихӯранд: Худованд онро хоҳон нест. Бинобар ин Ӯ гуноҳи онҳоро ба ёд хоҳад овард ва барои маъсияташон ҷазо хоҳад дод: онҳо ба Миср хоҳанд баргашт.


Онҳо, мисли айёми Ҷабъа, ба умқи бадкирдорӣ расидаанд; Ӯ гуноҳи онҳоро ба ёд хоҳад овард, барои маъсияташон ҷазо хоҳад дод.


Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Яҳудо, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки шариати Худовандро тарк карданд, ва фароизи Ӯро риоя нанамуданд, ва бутҳои онҳо, ки падаронашон пайравӣ мекарданд, онҳоро дар иштибоҳ андохт.


Оё ду кас якҷоя роҳ мераванд, бе он ки маслиҳатро ба як ҷо монда бошанд?


Вой ба ҳоли онҳое ки дар Сион бепарво ва дар кӯҳи Сомария дилпур мебошанд, — ин нақибони халқи хуҷиста, ки хонадони Исроил назди онҳо меоянд!


Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: «Инак, Ман бар зидди ин қабила мусибате меандешам, ки шумо гардани худро аз он натавонед берун овард, ва қомат рост карда мағрурона роҳ нахоҳед рафт, зеро ки ин замони мусибат аст.


Ин ҳама аз боиси зинокории зиёди фоҳишаи зеботалъати соҳиби ҷодуҳо ба амал омадааст, ки вай халқҳоро бо зиноҳои худ, ва қабилаҳоро бо ҷодуҳои худ мефурӯшад.


Ҳамаи қавмҳои насли одамизодро Ӯ аз як хун ба вуҷуд овардааст, то ки бар тамоми рӯи замин сокин шаванд, ва барои сукунати онҳо мӯҳлатҳо ва ҳудуди муайяне пешакӣ муқаррар кардааст,


Андӯҳу фалокат ояд бар ҷони ҳар одаме ки кори бад мекунад: ҳам, аввалан, бар ҷони яҳудӣ ва ҳам бар ҷони юнонӣ!


Аммо касе ки ба Худо муҳаббат дорад, вай ба воситаи Худо шинохта шудааст.


Аммо фақат ба падарони ту Худованд таваҷҷӯҳ намуда, онҳоро дӯст дошт, ва насли онҳо, яъне шуморо баъд аз онҳо аз ҳамаи қавмҳо баргузид, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.


Ва Худованд имрӯз туро эътироф намуд, то ки ту қавми гузини Ӯ бошӣ, чунон ки Ӯ ба ту гуфтааст, ва тамоми аҳкоми Ӯро риоя намоӣ,


Зеро ки насибаи Худованд қавми Ӯст; Яъқуб қитъаи мероси Ӯст.


Зеро дар бораи айёми пешина, ки пеш аз ту мурур намудааст, аз рӯзе ки Худо одамро бар замин офарид, аз як канори осмон то канори дигари осмон, бипурс, ки оё мисли ин кори бузурге ба вукӯъ омадааст, ё мисли ин шунида шудааст?


Зеро ки ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас ҳастӣ; Худованд Худоят туро баргузидааст, то аз миёни ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин ҳастанд, қавми хуҷистае барои Ӯ бошӣ.


Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар аввал аз мо оғоз шавад, пас фарҷоми онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна хоҳад буд?


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan