3 Ва доварро аз даруни он маҳв хоҳам кард, ва ҳамаи миронашро ҳамроҳи вай хоҳам кушт», мегӯяд Худованд.
Забуниро бар мирон фурӯ мерезад, ва камарбанди тавонгаронро суст мекунад;
Ба тазаррӯам диққат намо, зеро ки бисьёр бемаҷол шудаам; маро аз таъқибкунандагонам халосӣ деҳ, зеро ки аз ман пурзӯртаранд.
Пас, эй подшоҳон, ба ақл оед; эй доварони замин, таълим гиред!
Ӯ миронро ночиз мегардонад, доварони заминро ҳеҷу пуч месозад.
Шохи Мӯоб бурида шудааст, ва бозуи он шикастааст, — мегӯяд Худованд.
Азбаски ту ба аъмоли худ ва ба ганҷҳои худ таваккал кардӣ, ту низ забт хоҳӣ шуд, ва Камӯш бо якҷоягии коҳинон ва мирони худ ба асирӣ хоҳад рафт.
Зеро медонам, ки ҷиноятҳои шумо чӣ қадар бисьёр, ва гуноҳҳои шумо чӣ қадар азим аст: шахси одилро ба танг меоваред, ришва мегиред, ва нисбат ба камбағалон дар маҳкама каҷкорӣ мекунед.
Эй, ки инсофро ба явшон мубаддал менамоед, ва адолатро бар замин мепартоед!
Оё аспон бар сахра метозанд? Оё онро бо говҳо шудгор кардан мумкин аст? Зеро ки шумо инсофро ба гиёҳи заҳрдор табдил додаед, ва самари адолатро — ба явшон.
Онро мебинам, валекин на ҳозираро; онро муоина менамоям, вале он наздик нест: ситорае аз Яъқуб тулӯъ хоҳад намуд, ва чӯбдасти салтанат аз Исроил хоҳад бархост, ва ҳудуди Мӯобро сар то сар торумор хоҳад кард, ва тамоми банӣ‐Шитро ба ҳалокат хоҳад расонид.