Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Омӯс 2:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Мӯоб, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки устухонҳои подшоҳи Адӯмро сӯзонида оҳак гардонид.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Омӯс 2:1
22 Iomraidhean Croise  

Ва подшоҳи Исроил ва подшоҳи Яҳудо ва подшоҳи Адӯм равона шуда, роҳи ҳафтрӯзаро давр заданд, ва барои қӯшун ва чорпоёне ки ҳамроҳи онҳо буданд, об набуд.


Чашмони Худованд дар ҳама ҷост: бадон ва неконро мушоҳида менамояд.


Ва онҳо якҷоя бар китфи фалиштиён ба ғарб ҳуҷум хоҳанд овард, аҳли шарқро тороҷ хоҳанд кард, бар Эдӯм ва Мӯоб дасти худро хоҳанд гузошт, ва банӣ‐Аммӯн ба онҳо тобеъ хоҳанд шуд.


Дар бораи ғурури Мӯоб, ки вай бағоят мағрур аст, дар бораи кибр ва ғурур ва хашми вай шунидаем: лофу газофи вай пуч аст.


Зеро ки дасти Худованд бар ин кӯҳ қарор хоҳад ёфт, ва Мӯоб дар ҷои худ поймол хоҳад шуд, чунон ки коҳ дар ахлот поймол мешавад;


Ва ба Адӯм ва Мӯоб ва банӣ‐Аммӯн;


Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Адӯм, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки бародари худро бо шамшер таъқиб кард, ва раҳму шафқати худро барҳам дод, ва хашмаш доимо шиддат меёфт, ва ғазаби худро ҳамеша нигоҳ медошт.


Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти банӣ‐Аммӯн, ва барои чор ҷинояташон ғазабамро аз онҳо нахоҳам баргардонид, чунки занони ҳомилаи Ҷилъодро шикамчок карданд, то ки ҳудуди худро васеъ гардонанд.


Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Димишқ, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки Ҷилъодро бо ғаллакӯбакҳои оҳанин кӯфтанд.


Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Ғазза, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки тамоми ҷамоатро ба асирӣ бурданд, то ки ба Адӯм таслим кунанд.


Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Сӯр, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки тамоми ҷамоати асиронро ба Адӯм таслим карданд, ва аҳди бародариро ба ёд наоварданд.


Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Яҳудо, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки шариати Худовандро тарк карданд, ва фароизи Ӯро риоя нанамуданд, ва бутҳои онҳо, ки падаронашон пайравӣ мекарданд, онҳоро дар иштибоҳ андохт.


Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Исроил, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки одилро ба нуқра, ва камбағалро дар ивази як ҷуфт кафш мефурӯшанд;


Эй қавми Ман, ба ёд овар, ки Болоқ подшоҳи Мӯоб чӣ машварате дод, ва Билъом ибни Баӯр ба вай чӣ ҷавобе дод, ва аз Шиттим то Ҷилҷол чиҳо ба вуқӯъ омад, то ки марҳаматҳои Худовандро бидонӣ».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan