4 Ва оташе ба хонадони Ҳазоил хоҳам фиристод, ва қасрҳои Бин‐Ҳададро фурӯ хоҳад бурд.
Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Рафта, бо роҳи худ ба биёбони Димишқ баргард, ва омада, Ҳазоилро ба подшоҳӣ бар Арам тадҳин намо;
Ва Юош ибни Еҳӯоҳоз шаҳрҳоеро, ки Ҳазоил аз дасти падараш Еҳӯоҳоз ҷанг карда гирифта буд, аз дасти Бин‐Ҳадад ибни Ҳазоил гардонида гирифт. Се карат Юош ба ӯ шикаст расонида, шаҳрҳои Исроилро баргардонид.
Ва ғазаби Худованд бар Исроил аланга зад, ва онҳоро ба дасти Ҳазоил, подшоҳи Арам, ва ба дасти Бин‐Ҳадад ибни Ҳазоил ба тамоми айём супурд.
Ва баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки Бин‐Ҳадад, подшоҳи Арам, тамоми лашкари худро ҷамъ кард, ва баромада, Сомарияро муҳосира намуд.
Ва Осо нуқра ва тиллоро аз хазоини хонаи Худованд ва хонаи подшоҳ баровард, ва ба Бин‐Ҳадад, подшоҳи Арам, ки дар Димишқ сокин буд, фиристода, гуфт:
Ва агар Маро нашнида, рӯзи шанберо тақдис нанамоянд ва дар рӯзи шанбе боре бардошта, ба дарвозаҳои Ерусалим дароянд, он гоҳ Ман ба дарвозаҳояш оташ хоҳам зад, — ва он қасрҳои Ерусалимро хоҳад сӯзонид ва хомӯш нахоҳад шуд“».
Ва Ман дар ҳисори Димишқ оташ хоҳам зад, ва қасрҳои Бин‐Ҳададро нест хоҳам кард».
Ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам; ҳангоме ки Ман бар Миср оташ занам, ҳамаи ёваронаш шикаст хоҳанд хӯрд.
Ва бар Моҷуҷ ва бар онҳое ки дар ҷазираҳо дар амният сукунат доранд, оташе хоҳам фиристод, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам.
Ва Исроил Холиқи худро фаромӯш карда, қасрҳо бино намудааст, ва Яҳудо бисьёр шаҳрҳои ҳисордор сохтааст; валекин Ман ба шаҳрҳои вай оташ хоҳам фиристод, то ки кӯшкҳои варо бисӯзонад.
Ва оташе ба ҳисори Сӯр хоҳам фиристод, ва қасрҳои онро фурӯ хоҳад бурд».
Ва оташе ба Темон хоҳам фиристод, ва қасрҳои Басраро фурӯ хоҳад бурд».
Ва оташе дар ҳисори Рабба хоҳам дардод, ва қасрҳои онро дар миёни нидоҳои рӯзи корзор, дар тундбоди рӯзи тӯфон фурӯ хоҳад бурд.
Ва оташе ба ҳисори Ғазза хоҳам фиристод, ва қасрҳои онро фурӯ хоҳад бурд.
Ва оташе ба Мӯоб хоҳам фиристод, ки қасрҳои Қариютро фурӯ хоҳад бурд, ва Мӯоб дар миёни ғавғо ва нидоҳо ва садои шох хоҳад мурд.
Ва оташе ба Яҳудо хоҳам фиристод, ки қасрҳои Ерусалимро фурӯ хоҳад бурд».