3 Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Димишқ, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки Ҷилъодро бо ғаллакӯбакҳои оҳанин кӯфтанд.
Зеро кунҷитро бо ғаллакӯбаки дандонадор намекӯбанд, ва чархи аробаи ғаллакӯбро бар зира намегардонанд, балки кунҷитро бо асо, ва зираро бо чӯбдаст мекӯбанд.
Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Адӯм, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки бародари худро бо шамшер таъқиб кард, ва раҳму шафқати худро барҳам дод, ва хашмаш доимо шиддат меёфт, ва ғазаби худро ҳамеша нигоҳ медошт.
Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Ғазза, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки тамоми ҷамоатро ба асирӣ бурданд, то ки ба Адӯм таслим кунанд.
Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Сӯр, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки тамоми ҷамоати асиронро ба Адӯм таслим карданд, ва аҳди бародариро ба ёд наоварданд.
Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Мӯоб, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки устухонҳои подшоҳи Адӯмро сӯзонида оҳак гардонид.
Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Исроил, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки одилро ба нуқра, ва камбағалро дар ивази як ҷуфт кафш мефурӯшанд;