2 Ва гуфт: Худованд аз Сион наъра мезанад, ва аз Ерусалим овози Худро мешунавонад, ва чарогоҳҳои чӯпонон мотам мегиранд, ва қуллаи Кармил хушк мешавад.
Гул‐гул шукуфта ва шод гардида, аз хурсандӣ ва тараннум пур хоҳад шуд; ҷалоли Лубнон ва шавкати Кармил ва Шорӯн ба вай ато хоҳад шуд; онҳо ҷалоли Худованд ва шавкати Худои моро хоҳанд дид.
Ва Худованд аз Сион наъра мезанад, ва аз Ерусалим овози Худро мебарорад, ва осмону замин ба ларза меоянд; вале Худованд паноҳгоҳ барои қавми Худ, ва истеҳком барои банӣ‐Исроил хоҳад буд.
Ва агар дар куллаи Кармил пинҳон шаванд, онҳоро аз он ҷо ҷустуҷӯ намуда, хоҳам гирифт; ва агар аз пеши назарам дар қаъри баҳр руст шаванд, дар он ҷо морро амр хоҳам фармуд, ки онҳоро бигазад.