Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 5:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ҷони худро ба каф гирифта, ба зери хавфи шамшери аҳли биёбон нони худро пайдо мекунем.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 5:9
9 Iomraidhean Croise  

Ва гуфт: «Ҳошо аз тарси Худованд, ки ман чунин амал намоям! Оё хуни он касонро бинӯшам, ки ҷони худро дар хатар гузошта рафтаанд?» Ва ӯ нахост, ки онро бинӯшад. Чунин аст коре ки ин се паҳлавон карданд.


Аз дасти калдониён, чунки аз онҳо метарсиданд, зеро Исмоил ибни Натаньё Ҷадальё ибни Аҳиқомро, ки подшоҳи Бобил ӯро бар мамлакат волӣ таъин намуда буд, кушта буд.


Бигӯед: „Не, мо ба замини Миср хоҳем рафт, ки дар он ҷо рӯи ҷангро нахоҳем дид, ва садои шохро нахоҳем шунид, ва аз қаҳтии нон азоб нахоҳем кашид, ва дар он ҷо хоҳем зист“, —


Пас шамшере ки шумо аз он метарсед, он ҷо, дар замини Миср, шуморо хоҳад ёфт, ва қаҳтие ки шумо аз он хавотир доред, он ҷо, дар Миср, шуморо таъқиб хоҳад кард, ва дар он ҷо хоҳед мурд.


Ва фариштаи Худованд омада, зери дарахти пистае ки дар Ӯфро аз они Юоши Абиэзрӣ буд, нишаст, ва писараш Ҷидъӯн гандумро дар чархушт мекӯфт, то ки онро аз Мидьён пинҳон кунад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan