Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 5:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ғуломон бар мо ҳукмфармо шудаанд; касе нест, ки моро аз дасташон халосӣ диҳад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 5:8
12 Iomraidhean Croise  

Ва гуфт: «Канъон малъун бод; пеши бародарони худ бандаи бандагон бошад».


Ва ҳангоме ки Санбалати ҳӯрӯнӣ ва Тубиёи сардори аммӯнӣ ва Ҷашами арабӣ инро шуниданд, моро истеҳзо карданд ва моро таҳқир намуда, гуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки шумо мекунед? Оё шумо бар зидди подшоҳ балво мебардоред?»


Ва ҳол он ки волиёни собиқ, ки пеш аз ман буданд, бар қавм гаронӣ мекарданд, ва аз онҳо, ба замми чил сиқл нуқра, нон ва шароб мегирифтанд; навкаронашон низ бар қавм ҳукмронӣ мекарданд. Валекин ман, аз тарси Худо, ин тавр накардам.


Агарчи медонӣ, ки айбдор нестам, ва аз дасти Ту халоскунандае нест?


Фарзандони ӯ аз наҷот маҳрум мешаванд, ва назди маҳкама озор мекашанд, ва халоскунандае нест,


Худовандо, Худои ман! Ба Ту паноҳ мебарам; маро аз ҳамаи таъқибкунандагонам наҷот деҳ ва халос кун.


Ғуломеро, ки подшоҳ мешавад; нокасеро, ки аз нон сер мешавад;


Аз имрӯз низ Ман ҳамонам, ва касе нест, ки аз дасти Ман раҳо кунад: Ман амал хоҳам кард, ва кист, ки инро ботил намояд?»


Ва алҳол аврати варо пеши чашми хушдоронаш ошкор хоҳам сохт, ва касе варо аз дасти Ман раҳо нахоҳад кард.


Зеро ки Ман ба сокинони ин замин дигар раҳм нахоҳам кард, мегӯяд Худованд; ва инак, Ман одамонро ба дасти якдигар ва ба дасти подшоҳашон таслим хоҳам намуд, ва онҳо заминро торумор хоҳанд кард, ва Ман аз дасташон халосӣ нахоҳам дод».


Ғарибе ки дар миёни туст, бар ту торафт баланд хоҳад шуд, ва ту торафт ба паст хоҳӣ афтод.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan