7 Падарони мо гуноҳ кардаанд; онҳо аз дуньё чашм пӯшидаанд, валекин мо аз барои маъсияташон гирифтори ҷазо шудаем.
Гуфтанд: «Мо, ғуломонат, дувоздаҳ бародаронем; мо писарони як шахс ҳастем дар замини Канъон, ва инак, хурдӣ имрӯз пеши падари мост, ва яке нест».
Ва падари онҳо Яъқуб ба онҳо гуфт: «Маро аз фарзандонам маҳрум кардед: Юсуф нест, ва Шимъӯн нест, ва Биньёминро мехоҳед бибаред, — ин ҳама кулфатҳо бар сари ман аст!»
Ва чаро ҷиноятамро намеомурзӣ, ва аз гуноҳам намегузарӣ? Зеро ки ҳоло дар хок хоҳам хобид, ва маро хоҳӣ ҷуст, — ва дигар нахоҳам буд».
Чашми касе ки маро дидааст, маро дигар нахоҳад дид; чашмони Ту сӯи ман назар хоҳад кард, — ва дигар нахоҳам буд.
Ба онҳо саҷда набар ва онҳоро ибодат накун; зеро ки Ман Худованд Худои ту ҳастам, Худои ғаюре ҳастам, ки барои гуноҳи падарон аз писарон, то насли сеюм ва чорум, аз онҳое ки аз Ман нафрат дошта бошанд, интиқом мегирам;
Мо, эй Худованд, ба шарорати худ, ба маъсияти падарони худ иқрор мебошем, зеро ки пеши Ту гуноҳ кардаем.
Он гоҳ ба онҳо бигӯй: аз он сабаб, ки падарони шумо Маро тарк карданд, — мегӯяд Худованд, — ва худоёни дигарро пайравӣ намуда, ба онҳо ибодат ва саҷда карданд, валекин Маро тарк намуданд, ва шариати Маро риоя накарданд.
Ва шумо аз падарони худ боз ҳам бадтар рафтор кардед, ва ҳар яке аз шумо саркашии дили шарири худро пайравӣ менамояд, бе он ки Маро бишнавад.
Худованд чунин мегӯяд: «Овозе дар Ромо шунида шуд, садои нола ва гирьяи талх: Роҳел барои фарзандони худ гирья мекунад; барои фарзандони худ наметавонад тасаллӣ ёбад, зеро ки онҳо нестанд».
Дар он рӯзҳо дигар нахоҳанд гуфт: „Падарон ғӯра хӯрданд, ва дандони писарон кунд шуд“,
Пас ҷазои фисқу фуҷур ва корҳои зишти худро ту акнун хоҳӣ кашид, мегӯяд Худованд.
«Чаро шумо ин масалро дар замини Исроил зада, мегӯед: „Падарон ғӯра хӯрдаанд, вале дандонҳои писарон кунд шудааст“?
Падарони шумо — куҷоянд онҳо? Ва анбиё — магар онҳо ба таври абадӣ зиндагӣ мекунанд?
„Худованд собир ва пур аз эҳсон аст, гуноҳ ва маъсиятро меомурзад, вале осиёнро беҷазо намегузорад, барои гуноҳи падарон писаронро то насли сеюм ва чорум ҷазо медиҳад“.