Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 5:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Моро бунигарданӣ зада пеш мекунанд, хаста мешавем, — фароғат кардан намемонанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 5:5
14 Iomraidhean Croise  

Худованд ба ман чунин гуфт: «Бандҳо ва юғҳо барои худ бисоз, ва онҳоро бар гардани худ бимон.


Ва агар халқе ва мамлакате ба ӯ, яъне ба Набукаднесар подшоҳи Бобил хизмат кардан нахоҳанд, ва гардани худро зери юғи подшоҳи Бобил хам накунанд, Ман, — мегӯяд Худованд, — он халқро бо шамшер, қаҳтӣ ва вабо ҷазо хоҳам дод, то онҳоро бо дасти ӯ талаф намоям.


Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: Ман юғи оҳанин бар гардани ҳамаи ин халқҳо гузоштам, то ки ба Набукаднесар подшоҳи Бобил хизмат кунанд, ва онҳо хизмат хоҳанд кард; ва ҳайвоноти саҳроро низ ба ӯ додам“».


Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Ҳисорҳои фарохи Бобил тамоман хароб хоҳад шуд, ва дарвозаҳои баландаш ба оташ хоҳад сӯхт: қавмҳо бар абас меҳнат кардаанд, ва қабилаҳо аз барои оташ хаста шудаанд».


Юғи гуноҳҳоям, ки бо дасти Ӯ ба ҳам барбаста бофта шудааст, бар гарданам баромада, маро бемаҷол кардааст; Худованд маро ба дастҳое таслим кардааст, ки наметавонам пеши онҳо истодагӣ намоям.


Яҳудо аз боиси мазаллат ва меҳнати сахт ҷалои ватан шудааст; вай дар миёни бутпарастон нишаста, фароғат намеёбад; ҳамаи таъқибкунандагонаш дар миёни тангиҳо ба вай даррасидаанд.


Таъқибкунандагони мо аз уқобҳои осмон тезравтар буданд: бар кӯҳҳо моро таъқиб мекарданд, дар биёбон барои мо камин месохтанд.


Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: «Инак, Ман бар зидди ин қабила мусибате меандешам, ки шумо гардани худро аз он натавонед берун овард, ва қомат рост карда мағрурона роҳ нахоҳед рафт, зеро ки ин замони мусибат аст.


Юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт;


Пас чаро акнун Худоро озмуда, бар гардани шогирдон юғе меандозед, ки онро ҳам падарони мо ва ҳам мо бардошта натавониста будем?


Бинобар ин ту ба душмани худ, ки Худованд варо бар ту хоҳад фиристод, ба сабаби гуруснагӣ ва ташнагӣ ва бараҳнагӣ ва камии ҳар чиз хизмат хоҳӣ кард, дар сурате ки вай юғи оҳанин бар гардани ту хоҳад гузошт, то даме ки туро несту нобуд кунад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan