4 Оби худро ба нуқра харида менӯшем, ҳезуми мо дар бадали пул ба даст медарояд.
Инак, мо имрӯз ғуломон ҳастем, ва дар замине ки ба падарони мо додӣ, то мева ва неъмати онро бихӯрем, инак, мо дар он ғуломон ҳастем.
Зеро, инак Худованд, Худованди лашкарҳо, мадад ва такьягоҳро аз Ерусалим ва Яҳудо дур хоҳад кард: ҳар мадади нон ва ҳар мадади обро;
«Эй ҳамаи ташнагон, сӯи обҳо биёед! Ва эй онҳое ки нуқра надоред, биёед, бихаред, ва бихӯред! Ва омада, бе нуқра ва бе баҳо шароб ва шир бихаред!
Бинобар ин ту ба душмани худ, ки Худованд варо бар ту хоҳад фиристод, ба сабаби гуруснагӣ ва ташнагӣ ва бараҳнагӣ ва камии ҳар чиз хизмат хоҳӣ кард, дар сурате ки вай юғи оҳанин бар гардани ту хоҳад гузошт, то даме ки туро несту нобуд кунад.