Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 5:21 - Китоби Муқаддас 1992 1999

21 Худовандо! Моро сӯи Худ баргардон, ва мо хоҳем баргашт; рӯзҳои моро мисли пештара таҷдид намо.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 5:21
19 Iomraidhean Croise  

Маро иҷобат намо, эй Худованд, маро иҷобат намо! Ва бигзор ин қавм дарк кунанд, ки Ту Худованд Худо ҳастӣ, ва Ту дили онҳоро хоҳӣ баргардонид».


Сурудро баланд кунед ва дафро биёред, ва барбати хушоҳангро бо уд.


«Китфи варо аз бори гарон раҳо кардам; кафҳои вай аз сабад озод шуд.


Ҷони бандаи Худро шод гардон, зеро ки сӯи Ту, эй Худованд, ҷонамро менигаронам.


Офтоби ту дигар ғуруб нахоҳад кард, ва моҳи ту пинҳон нахоҳад шуд, зеро ки Худованд барои ту нури ҷовидонӣ хоҳад буд, ва рӯзҳои мотами ту тамом хоҳад шуд.


Ва писарони ӯ мисли пештара хоҳанд буд, ва ҷамоати ӯ дар ҳузури Ман поянда хоҳанд шуд, ва Ман ҳамаи ҷабрпешаҳои ӯро ҷазо хоҳам дод.


Овози Эфроимро шунидам, ки дар мотами худ сар ҷунбонда, мегуфт: „Ту маро ҷазо додӣ, ва ман мисли гӯсолаи ноозмуда ҷазо дидам; маро баргардон, ва ман хоҳам баргашт, зеро ки Ту Худованд Худои ман ҳастӣ;


Боз туро, эй бокираи Исроил, бино хоҳам кард, ва ту бино хоҳӣ ёфт; боз бо дафҳои худ зинат ёфта, бо дастаи раққасони шодком берун хоҳӣ омад;


Худованд чунин мегӯяд: дар ин макон, ки шумо дар бораи он мегӯед: „Он вайрона аст: на одам дорад ва на чорво“, яъне дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим, ки валангор гардида, на одаме доранд, на сокине ва на чорвое,


Дар шаҳрҳои кӯҳистон, дар шаҳрҳои пастӣ ва дар шаҳрҳои ҷанубӣ, ва дар замини Биньёмин ва дар атрофи Ерусалим ва дар шаҳрҳои Яҳудо боз рамаҳо аз зери дасти шуморандагон хоҳанд гузашт, — мегӯяд Худованд.


Худованд Худо чунин мегӯяд: боз инро хонадони Исроил аз Ман дархост хоҳанд кард, ки барояшон ба амал оварам: онҳоро мисли рамаи одамон афзун хоҳам кард, —


Худовандо! Овозатро шунидам — ҳаросон шудам. Худовандо! Амали Худро дар солҳои наздик зинда намо, дар солҳои наздик онро зоҳир бисоз; дар вақти ғазаб раҳмро ба ёд овар.


Он гоҳ ҳадияи Яхудо ва Ерусалим ба Худованд писанд хоҳад омад, чунон ки дар айёми қадим ва дар солҳои пешина буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan