Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 5:19 - Китоби Муқаддас 1992 1999

19 Лекин Ту, эй Худованд, то абад қоим ҳастӣ, ва тахти Ту то абадуддаҳр аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 5:19
23 Iomraidhean Croise  

Ба андозае ки шарқ аз ғарб дур аст, ҷиноятҳои моро ба ҳамон андоза аз мо дур кардааст.


На ба иқтидори асп рағбат дорад, на ба соқҳои одам таваҷҷӯҳ мекунад:


Аз хуни ман чӣ фоида, вақте ки ба гӯр фурӯд оям? Оё хок Туро шукрона мегӯяд? Оё ростии Туро ба забон меоварад?


Худо андаруни он аст, он фурӯ нахоҳад ғалтид: субҳидам Худо ба он мадад хоҳад кард.


Душман барҳам хӯрда, ба сурати абадӣ хонавайрон гардидааст; шаҳрҳояшро бе беху буньёд кардаӣ, зикрашон нест шудааст.


Дар ҳаққи Худованд мегӯям: «Ӯ паноҳгоҳи ман аст ва қалъаи ман; Худои ман аст, ки ба Ӯ таваккал мекунам».


Бархез, эй Довари замин, подоши мағруронро бидеҳ.


Ва дар айёми он подшоҳон Худои осмон салтанате барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд: он ҳамаи ин салтанатҳоро гард‐гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод.


Ва салтанат ва ҷалол ва малакут ба Ӯ дода шуд, то ки ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳо Ӯро ибодат намоянд; салтанати Ӯ салтанати ҷовидонист, ки завол нахоҳад ёфт ва малакути Ӯ нест нахоҳад шуд.


Ва малакут ва салтанат ва кибриёи малакутҳо дар таҳти тамоми осмон ба муқаддасон, яъне ба қавми Ҳаққи Таоло дода хоҳад шуд, ки малакути Ӯ малакути ҷовидонист, ва ҳамаи салтанатҳо ба Ӯ хизмат ва итоат хоҳанд кард“.


Ту, охир, аз азал вуҷуд дорӣ, эй Худованд Худои ман, эй Қуддуси ман! Пас мо нахоҳем мурд. Ту, эй Худованд, онҳоро барои доварӣ таъин намудаӣ, ва Ту, эй сахраи ман, онҳоро барои ҷазо додан ба вуҷуд овардаӣ.


Исо ба ақиб нигоҳ карда, дид, ки онҳо меоянд, гуфт: «Чӣ меҳоҳед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Раббӣ», яъне: «эй Устод, дар куҷо истиқомат дорӣ?»


Худои азалӣ паноҳгоҳ аст, ва дар поён то абад ҳимоятгар аст; ва душманро аз пеши ту бадар меронад, ва мегӯяд: „Маҳв намо!“


Ба Подшоҳи ҷовид, ба Худои ғайрифонӣ, нонамоён ва якто то абад шавкат ва ҷалол бод. Омин.


Исои Масеҳ дирӯз ва имрӯз ва то абад айни ҳамон аст.


Юҳанно ба ҳафт калисое ки дар вилояти Осиё мебошанд: файз ва осоиштагӣ бар шумо бод аз ҷониби Ӯ, ки ҳаст ва буд ва хоҳад омад, ва аз ҷониби ҳафт рӯҳе ки дар пеши тахти Ӯ ҳастанд,


«Ман Алфа ва Омега, ибтидо ва интиҳо ҳастам», мегӯяд Худованд, Он ки ҳаст ва буд ва хоҳад омад, Худованди Қодири Мутлақ.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan