Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 5:18 - Китоби Муқаддас 1992 1999

18 Барои кӯҳи Сион, ки хароб шудааст, ва шағолон бар он гаштугузор мекунанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 5:18
18 Iomraidhean Croise  

Ва ӯ хонаи Худованд ва хонаи подшоҳро сӯзонид; ва ҳамаи хонаҳои Ерусалим, ва ҳар хонаи бузургро бо оташ сӯзонид.


Ва Тубиёи аммӯнӣ, ки ҳамроҳи ӯ буд, чунин гуфт: «Агарчи онҳо бино мекунанд, агар шағол бар он барояд, ҳисори сангини онҳоро хароб хоҳад кард».


Он гоҳ ҳамаи одамон хоҳанд тарсид, ва корномаи Худоро эълон хоҳанд намуд, ва аъмоли Ӯро фаҳм хоҳанд кард.


Худовандо! Бениҳоят дар ғазаб нашав, ва гуноҳро то абад дар хотир нигоҳ надор; лутфан назар андоз, ки ҳамаамон қавми Ту ҳастем.


Эй кӯҳи Ман, ки дар саҳро ҳастӣ! Сарвати ту ва ҳамаи хазинаҳои туро ба тороҷ хоҳам дод, минбарҳои туро низ аз боиси гуноҳе ки дар тамоми ҳудуди худ кардаӣ.


Чаро ту ба исми Худованд нубувват карда гуфтӣ, ки ин хона мисли Шилӯ хоҳад шуд, ва ин шаҳр валангор ва ғайримаскун хоҳад гардид?» Ва тамоми қавм дар хонаи Худованд дар гирди Ирмиё ҷамъ омаданд.


«Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: шумо тамоми мусибатеро, ки Ман бар Ерусалим ва бар ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо овардам, дидед; ва инак, имрӯз хароб шудааст, ва сокине дар онҳо нест,


Ва хашми Ман ва ғазаби Ман фурӯ рехта, дар шаҳрҳои Яҳудо ва кӯчаҳои Ерусалим аланга зад, ва онҳо вайрону валангор гардид, чунон ки имрӯз аст.


Ва хонаи Худованд ва хонаи подшоҳро сӯзонид; ва ҳамаи хонаҳои Ерусалим ва ҳар хонаи бузургонро ба оташ сӯзонид.


Барои кӯҳҳо гирья ва нола мекунам, ва барои чарогоҳҳои биёбон — навҳагарӣ, зеро онҳо сӯхтааст, ба тавре ки касе аз он ҷо гузар намекунад, ва садои рамаҳо шунида намешавад: аз мурғони осмон гирифта то чорпоён пароканда шуда рафтаанд.


«Ва Ман Ерусалимро ба сангтӯдаҳо, ба маъвои шағолон табдил хоҳам дод, ва шаҳрҳои Яҳудоро биёбони ғайримаскуне хоҳам гардонид».


Анбиёи ту, эй Исроил, мисли рӯбоҳон дар харобазор мебошанд.


Ва алҳол, эй Худои мо, дуои бандаи Худ ва тазаррӯъҳои ӯро бишнав, ва рӯи Худро бар қудси вайронаи Худ, ба хотири Худованд, мунаввар намо.


Бинобар ин, аз боиси шумо, Сион мисли саҳро шудгор хоҳад шуд, ва Ерусалим ба харобазор, ва кӯҳи Хона ба баландиҳои ҷангалзор мубаддал хоҳад гардид.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan