Ва Ман аз шаҳрҳои Яҳудо ва аз кӯчаҳои Ерусалим садои шодмонӣ ва садои хурсандӣ, овози домод ва овози арӯсро нест хоҳам кард, зеро ки ин замин биёбон хоҳад шуд».
Ва аз боиси айёми Баалҳо варо ҷазо хоҳам дод, ки он вақт вай барояшон бухур месӯзонид, ва худро бо ҳалқаҳои гӯшу бинӣ ва бо гарданбандҳо оро медод, ва аз паи хушдоронаш мерафт, вале Маро фаромӯш карда буд, мегӯяд Худованд.
Ва овози барбатнавозон, ва сарояндагон, ва найнавозон ва карнайнавозон дар ту дигар шунида нахоҳад шуд, ва ҳеҷ як санъаткори ҳеҷ як санъате дар ту дигар нахоҳад буд, ва садои сангҳои осиё дар ту дигар шунида нахоҳад шуд;