12 Мирон бо дасти онҳо ба дор кашида мешаванд, пирон эҳтиром надоранд.
Ман бар қавми Худ хашм гирифтам, мероси Худро хор доштам, ва онҳоро ба дасти ту супурдам, — аммо ту ба онҳо раҳм накардӣ, юғи худро бар пирон бағоят гарон кардӣ.
Пирони духтари Сион бар замин хомӯш нишастаанд, бар сари худ хокистар пошида, палос пӯшидаанд; дӯшизагони Ерусалим сари худро сӯи замин хам кардаанд.
«Худовандо! Назар андоз ва бубин, ки чунин амалро ба кӣ кардаӣ? Оё равост, ки занон меваи батни худро, — кӯдаконеро, ки ба сад ноз парварда буданд, — бихӯранд? Оё равост, ки коҳин ва набӣ дар қудси Худованд кушта шаванд?
Хашми Худованд онҳоро пароканда хоҳад кард, дигар ба онҳо назари нек нахоҳад кард: дар он ҷо коҳинонро рӯихотир намекунанд ва ба пирон раҳм надоранд.
Пеши мӯйсафед бархез ва пирро эҳтиром намо, ва аз Худои худ тарсон бош. Ман Худованд ҳастам.