1 Худовандо! Он чи ба мо рӯй додааст, ба ёд овар; назар андоз ва нанги моро бубин.
Ва онҳо ба ман гуфтанд: «Боқӣ мондагон, — онҳое ки аз асирӣ боқӣ мондаанд, — он ҷо, дар мамлакат, дар мусибати бузург ва дар хорузорӣ мебошанд; ва ҳисори Ерусалим хароб шудааст, ва дарвозаҳояш ба оташ сӯхтааст».
Аммо каломеро, ки ба бандаи Худ Мусо амр фармудаӣ, ба ёд овар, ки гуфтаӣ: „Агар шумо хиёнат намоед, Ман шуморо дар миёни қавмҳо пароканда хоҳам кард;
«Бишнав, эй Худои мо, зеро ки мо хорузор шудаем, ва таҳқирҳои онҳоро ба сари худашон баргардон, ва онҳоро дар замини асирӣ гирифтори тороҷ намо!
Ба ёд овар, ки маро мисли сафол сириштаӣ, — ва маро ба хок бармегардонӣ?
Ба ёд овар, ки ҳаёти ман бод аст, ва чашми ман некиро дигар нахоҳад дид.
Шохаҳои худро то баҳр паҳн кард, ва навдаҳояшро то дарьё.
Худоё! Моро баргардон, ва рӯи Худро мунаввар намо, то ки наҷот ёбем.
Бар ҳисорҳои ту, эй Ерусалим, Ман посбононро гузоштаам, ки тамоми рӯз ва тамоми шаб, ҳамеша сукут нахоҳанд кард. Эй онҳое ки Худовандро зикр менамоед! Сукут накунед,
Ту, эй Худованд, инро медонӣ; пас, маро ба ёд овар ва тафаққуд намо, ва интиқоми маро аз таъқибкунандагонам бигир; ба сабаби пурсабрии Худ маро талаф накун; бидон, ки ба хотири Ту бори нангро бардоштаам.
Мо хиҷил шудем, ҳангоме ки ҳақорат шунидем; нанг рӯи моро пӯшонид, ҳангоме ки аҷнабиён ба қудсҳои хонаи Худованд дохил шуданд.
Тамоми қавми вай оҳу воҳ карда, нон мечӯянд, нозу неъматҳои худро дар бадали хӯрок додаанд, то ки зинда бимонанд. «Худовандо! Назар андоз ва бубин, ки ман чӣ гуна залил шудаам».
Худовандо, назар андоз, зеро ки дар тангӣ ҳастам: амъоям ҷӯш мезанад, дилам андарунам чаппа шудааст, зеро ки бағоят саркашӣ кардаам; аз берун шамшер нобуд мекард, чунон ки дар хона мамот ҳукмфармо буд.
Наҷосати вай бар домани вай буд, лекин ояндаи худро ба ёд намеовард; бинобар ин ба таври хайратангез ба залолат афтодааст, ва тасаллидиҳандае барои вай нест. «Худовандо! Мазаллати маро бубин, зеро ки душман мутакаббир шудааст».
Ҳамаи роҳгузарон дар ҳаққи ту даст бар ҳам месоянд, ҳуштак кашида, ба ҳоли духтари Ерусалим сар меҷунбонанд: «Оё ҳамин аст шаҳре ки онро камоли зебоӣ, шодии тамоми замин мегуфтанд?»
«Худовандо! Назар андоз ва бубин, ки чунин амалро ба кӣ кардаӣ? Оё равост, ки занон меваи батни худро, — кӯдаконеро, ки ба сад ноз парварда буданд, — бихӯранд? Оё равост, ки коҳин ва набӣ дар қудси Худованд кушта шаванд?
Мазаллат ва дилшикастагии маро, явшон ва заҳрро ба ёд овар.
То даме ки Худованд аз осмон назар андозад ва бубинад.
Таҳқири онҳоро, тамоми дасисакории онҳоро дар ҳаққи ман Ту, эй Худованд, мешунавӣ,
Худовандо! Овозатро шунидам — ҳаросон шудам. Худовандо! Амали Худро дар солҳои наздик зинда намо, дар солҳои наздик онро зоҳир бисоз; дар вақти ғазаб раҳмро ба ёд овар.
Ва ба Исо гуфт: «Эй Худованд, вақте ки ба Малакути Худ бирасӣ, маро ба ёд овар!»