9 Куштаҳои шамшер назар ба куштаҳои гуруснагӣ хушбахттар буданд, чунки аз теғ хуншор шуда, зуд мурдаанд, назар ба онҳое ки аз камии маҳсулоти киштзор бо азоби бисьёр ҷон додаанд.
Онҳо аз бемориҳои сахт хоҳанд мурд; барои онҳо касе навҳа нахоҳад кард, ва онҳо дафн карда нахоҳанд шуд, балки мисли ахлоте бар рӯи замин хоҳанд буд; ва ба дами шамшер ва аз қаҳтӣ талаф хоҳанд шуд, ва ҷасадҳои мурдаи онҳо хӯроки мурғони осмон ва ҳайвоноти замин хоҳад шуд.
Ва аммомаи шумо бар саратон, ва пойафзоли шумо бар пойҳотон хоҳад буд, ва шумо навҳа ва гирья нахоҳед кард, балки ба сабаби гуноҳҳои худ обу адо гардида, пеши якдигар оҳ хоҳед кашид.
Шамшер аз берун аст, ва вабо ва қаҳтӣ — аз дарун; касе ки дар саҳрост, аз шамшер хоҳад мурд, ва касе ки дар шаҳр аст, қаҳтӣ ва вабо кори варо тамом хоҳанд кард.