Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 4:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Сарварони вай аз барф тозатар ва аз шир сафедтар буданд; баданашон аз марҷон сурхтар, қаду қоматашон мисли ёқути кабуд буд;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 4:7
15 Iomraidhean Croise  

Ба он на бо зари сурхи Ӯфир қимат дода мешавад, на бо ҷазъи гаронбаҳо ва ёқути кабуд.


Марҷон ва булӯр зикр намеёбад, ва пайдо кардани ҳикмат аз ҷавоҳир душвортар аст.


То ки қудрати Ӯро ба банӣ‐одам маълум кунанд, ва ҷалоли шавкати малакути Ӯро.


Худо низ туро ба сурати абадӣ вожгун хоҳад намуд, туро бе беху буньёд карда, аз хаймаат бадар хоҳад ронд, ва решаи туро аз замини зиндаҳо. Село.


Ва онҳо Худои Исроилро диданд, ва зери поҳои Ӯ чизе монанди хиштҳои ёқути кабуд, ва мисли асли осмон зулол буд.


Маҳбуби ман сафедпӯст ва сурхрухсор аст, бар беваре баланд бардошта шудааст.


Соқҳояш сутунҳои мармар аст, ки бар пояҳои зари холис таъсис ёфтааст; шамоилаш мисли Лубнон аст, мисли арз боҳашамат аст.


Ва баъд аз гузаштани даҳ рӯз чеҳраҳои онҳо, назар ба амрадоне ки хӯроки суфраи подшоҳро мехӯрданд, зеботар, ва баданҳошон фарбеҳтар шуда буд.


Зеро ки ӯ дар назари Худованд бузург хоҳад буд, ва шароб ва арақ нахоҳад нӯшид, ва аз шиками модари худ аз Рӯхулкудс пур хоҳад буд,


Зеро инак, ту ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид, ва поку ба сараш нахоҳад расид, зеро ки он кӯдак аз батни модар барои Худо мумтоз хоҳад буд; ва ӯ ба наҷот додани Исроил аз дасти фалиштиён шурӯъ хоҳад намуд».


Ва ӯ ба ман гуфт: „Инак, ту ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид; ва алҳол май ва арақ нанӯш, ва ҳеҷ чизи палид нахӯр, зеро ки он кӯдак аз батни модар то рӯзи мамоташ барои Худо мумтоз хоҳад буд“».


Ва ҳар чиро, ки дар дил дошт, ба вай ошкор карда, гуфт: «Поку ба сари ман нарасидааст, зеро ки ман аз батни модари худ барои Худо мумтоз ҳастам; агар мӯйсарам тарошида шавад, қувватам аз ман дур хоҳад шуд, ва ман суст шуда, мисли ҳар каси дигар хоҳам гардид».


Ва фиристода, ӯро оваронид. Ва ӯ сурхрӯ буда, чашмони зебо ва чеҳраи некӯ дошт. Ва Худованд гуфт: «Бархоста, ӯро тадҳин намо, зеро ки ҳамин аст».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan