Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 4:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Ва маъсияти духтари қавми ман аз гуноҳи Садӯм бузургтар аст, ки он дар як мижа задан вожгун шуд, бе он ки касе дастҳояшро ба он расонда бошад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 4:6
14 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд бар Садӯм ва Амӯро кибрит ва оташ аз ҷониби Худованд аз осмон боронид.


Ва он шаҳрҳоро, ва тамоми водиро, ва ҳамаи сокинони шаҳрҳо ва набототи заминро вожгун сохт.


Ва чунон ки қавм бошанд, ончунон коҳин хоҳад буд, чунон ки ғулом — ончунон оғояш, чунон ки каниз — ончунон хотунаш, чунон ки харидор — ончунон фурӯшанда, чунон ки қарзхоҳ — ончунон қарздор, чунон ки даъвогар — ончунон ҷавобгар.


Бигзор аҳволи он шахс мисли шаҳрҳое бишавад, ки Худованд онҳоро вожгун кард ва ҳеҷ таассуф нанамуд; бигзор вай субҳидам фиғон ва нимирӯзӣ фарьёд бишнавад,


Валекин дар миёни анбиёи Ерусалим чизҳои зиштро мебинам: онҳо ба зино дода мешаванд ва дар кизб роҳ мераванд, ва дастҳои шариронро тақвият менамоянд, бе он ки ҳар яке аз шарорати худ баргарданд; ҳамаи онҳо дар назари Ман мисли Садӯм, ва сокинони он мисли Амӯро гардидаанд».


Куштаҳои шамшер назар ба куштаҳои гуруснагӣ хушбахттар буданд, чунки аз теғ хуншор шуда, зуд мурдаанд, назар ба онҳое ки аз камии маҳсулоти киштзор бо азоби бисьёр ҷон додаанд.


Ва ба туфайли ақлаш дар дасисакорӣ муваффақият ба даст хоҳад овард, ва дар дили худ мағрур хоҳад шуд, ва бисьёр осоиштагонро ба ҳалокат хоҳад расонд, ва бар зидди Сарвари сарварон қиём хоҳад кард, ва бе он ки дасте расида бошад, шикаст хоҳад хӯрд.


Ва Ӯ каломи Худро, ки дар ҳаққи мо ва дар ҳаққи доварони мо, ки бар мо доварӣ мекарданд, гуфта буд, иҷро намуда, бар мо мусибати бузурге овард, ки мисли он зери тамоми осмон ба амал наомадааст, чунон ки дар Ерусалим ба амал омадааст;


Зеро дар он замон чунон мусибати бузурге хоҳад шуд, ки аз ибтидои олам то ҳол нашудааст, ва бори дигар нахоҳад шуд.


Ба шумо мегӯям, ки ҳолати Садӯм дар он рӯз аз ҳолати он шаҳр сабуктар хоҳад буд.


Ва он ғулом, ки иродаи оғои худро медонист, вале тайёр нашуд ва мувофиқи иродаи вай амал накард, шаттаи бисьёре хоҳад хӯрд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan