5 Онҳое ки нуқлу наво мехӯрданд, дар кӯчаҳо бемаҷол шудаанд; онҳое ки бар бистари абрешимин парвариш меёфтанд, ахлоттӯдаҳоро ба оғӯш мекашанд.
Эй духтарони Исроил! Барои Шоул гирья кунед, ки ӯ шуморо куртаҳои арғувониранг ва асбоби зинат мепӯшонид, ва зевари тилло бар либосатон мегузошт.
Вале Рабшоқе ба онҳо гуфт: «Оё оғоям маро фақат назди оғоят ва ту фиристодааст, то ки ин суханонро бигӯям? Балки назди касоне ки бар ҳисор нишастаанд, ки онҳо бояд бо шумо наҷосати худро бихӯранд ва пешоби худро бинӯшанд».
Аз бориши кӯҳсор тар мешаванд, ва азбаски паноҳгоҳе надоранд, кӯҳпораро қучоқ мекунанд.
Оид ба аҳли байти худ аз барф наметарсад, чунки тамоми аҳли байти вай либоси пашмин пӯшидаанд.
Тамоми қавми вай оҳу воҳ карда, нон мечӯянд, нозу неъматҳои худро дар бадали хӯрок додаанд, то ки зинда бимонанд. «Худовандо! Назар андоз ва бубин, ки ман чӣ гуна залил шудаам».
Ва ӯ орзу дошт шиками худро аз харнубе ки хукон мехӯрданд, пур кунад, лекин ҳеҷ кас онро ба ӯ намедод.
Шахси сарватдоре буд, ва либосҳои арғувон ва катон дар бар мекард, ва ҳар рӯз базми боҳашамат барпо мекард.
Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани марде ки сару либоси нарм дар бар дорад? Аммо онҳое ки сару либоси зебо дар бар доранд ва бо айшу нӯш зиндагӣ мекунанд, дар қасрҳои подшоҳонанд.
Лекин бевазане ки дар айшу ишрат умр могузаронад, зинда ба зинда мурдааст.