Вале Рабшоқе ба онҳо гуфт: «Оё оғоям маро фақат назди оғоят ва ту фиристодааст, то ки ин суханонро бигӯям? Балки назди касоне ки бар ҳисор нишастаанд, ки онҳо бояд бо шумо наҷосати худро бихӯранд ва пешоби худро бинӯшанд».
Ва акобирашон навкарони худро барои об мефиристанд; онҳо назди ҳавзҳо меоянд, аммо об намеёбанд; бо зарфҳои холӣ бармегарданд; ошуфта ва хиҷил гардида, сарҳои худро мепӯшонанд.
Бинобар ин ту ба душмани худ, ки Худованд варо бар ту хоҳад фиристод, ба сабаби гуруснагӣ ва ташнагӣ ва бараҳнагӣ ва камии ҳар чиз хизмат хоҳӣ кард, дар сурате ки вай юғи оҳанин бар гардани ту хоҳад гузошт, то даме ки туро несту нобуд кунад.