Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 4:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Шағолон низ пистон берун оварда, бачаҳои худро мемаконанд, лекин духтари қавми ман, мисли шутурмурғҳо дар биёбон, бераҳм шудааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 4:3
14 Iomraidhean Croise  

Ва субҳидам, вақте ки ман бархостам, то ки ба писарам сина диҳам, ва инак, ӯ мурда буд; валекин вақте ки пагоҳӣ ба ӯ синчакунон нигоҳ кардам, ва инак, ӯ писаре ки ман зоида будам, набуд».


Ва шағолон дар кӯшкҳои он, ва кафторон дар тамошогоҳҳо нула хоҳанд кашид; ва замони он наздик аст, ва рӯзҳояш дер нахоҳад кашид.


Ва дар қасрҳояш хорбӯттаҳо хоҳад рӯид, ва бар қалъаҳояш — газна ва мушхор; ва он маскани шағолон ва иқоматгоҳи шутурмурғон хоҳад шуд.


«Оё зан бачаи ширмаки худро фаромӯш карда, ба писари батни худ раҳмаш намеояд? Ва инҳо фаромӯш кунанд ҳам, Ман туро фаромӯш нахоҳам кард.


Ва гӯшти писарони онҳо ва гӯшти духтарони онҳоро ба онҳо хоҳам хӯронид, ва дар муҳосира ва тангие ки душманонашон ва толибони ҷонашон бар онҳо хоҳанд овард, онҳо гӯшти якдигарро хоҳанд хӯрд“.


«Худовандо! Назар андоз ва бубин, ки чунин амалро ба кӣ кардаӣ? Оё равост, ки занон меваи батни худро, — кӯдаконеро, ки ба сад ноз парварда буданд, — бихӯранд? Оё равост, ки коҳин ва набӣ дар қудси Худованд кушта шаванд?


Дастҳои занони раҳмдил бачаҳои худро пухтаанд, то ки дар вақти шикасти духтари қавми ман барояшон хӯрок шавад.


Бинобар ин падарон андаруни ту писаронро хоҳанд хӯрд, ва писарон падарони худро хоҳанд хӯрд, ва Ман бар ту довариҳо хоҳам намуд, ва тамоми бақияи туро ба сӯи ҳар бод пароканда хоҳам кард.


Ва гӯшти писарони худро хоҳед хӯрд, ва гӯшти духтарони худро хоҳед хӯрд.


Беандеша, аҳдшикан, беилтифот, бадкина ва бераҳманд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan