Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 4:21 - Китоби Муқаддас 1992 1999

21 Шодӣ ва хурсандӣ намо, эй духтари Адӯм, ки дар замини Ус сокин ҳастӣ! Ин коса ба ту низ хоҳад расид: маст гардида, урьён хоҳӣ шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 4:21
24 Iomraidhean Croise  

Инҳоянд писарони Дишан: Ус ва Арон.


Зеро ки Худованд Яҳудоро аз боиси Оҳоз, подшоҳи Исроил, поймол гардонид, чунки ӯ Яҳудоро ба фисқу фуҷур гирифтор кард ва ба Худованд бисьёр хиёнат намуд.


Марде дар замини Ус буд, ки Айюб ном дошт, ва он мард беайб ва росткор ва худотарс буд ва аз бадӣ дур мешуд.


Агарчи андаруни тангӣ роҳ меравам, маро зинда хоҳӣ гардонд; бар хашми душманонам дасти Худро равона хоҳӣ кард, ва ямини Ту маро наҷот хоҳад дод.


Эй ҷавон, дар наврасии худ айшу тараб намо, то ки дилат туро дар айёми ҷавонии ту шод гардонад; ва бо роҳҳои дили худ ва бо нигоҳи чашмони худ равона шав; вале бидон, ки барои ҳамаи ин туро Худо ба доварӣ хоҳад овард.


Зеро Худованд чунин мегӯяд: «Инак, агар онҳое ҳам, ки нӯшидани ҷом насибашон нашудааст, онро ҳатман менӯшида бошанд, оё ту беҷазо хоҳӣ монд? Не, беҷазо нахоҳӣ монд, балки ҳатман хоҳӣ нӯшид.


Дар бораи Адӯм Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Оё дигар дар Темон ҳикмат нест? Оё машварат аз соҳибфаҳмон нест шуда, ҳикматашон барҳам хӯрдааст?


Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски ту чапак задӣ ва пой кӯфтӣ, ва бо тамоми нафрате ки аз замини Исроил дар дили худ дорӣ, шодӣ кардӣ,


Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски Мӯоб ва Сеир мегӯянд, ки „инак хонадони Яҳудо монанди ҳамаи халқҳо мебошанд!“ —


«Эй писари одам! Азбаски Сӯр дар бораи Ерусалим гуфтааст: „Ҳай‐ҳай! Дарвозаи қавмҳо шикаст хӯрд; ҳама чиз ба ман мегузарад; ман пур мешавам, чунки вай хароб шуд“,


Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Адӯм, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки бародари худро бо шамшер таъқиб кард, ва раҳму шафқати худро барҳам дод, ва хашмаш доимо шиддат меёфт, ва ғазаби худро ҳамеша нигоҳ медошт.


Рӯъёи Убадьё. Худованд Худо дар бораи Адӯм чунин мегӯяд: «Хабаре аз ҷониби Худованд шунидам, ки қосиде назди халқҳо фиристода шудааст: „Бархезед, ва бар зидди вай барои ҷанг бархезем“.


Бо аврати бараҳна гузар кун, эй сокинаи Шофир; сокинаи Саанон берун намеояд; дар Байт‐Эсел навҳагарист; барои ӯрду заданаш аз шумо макон мегирад.


Ту ба ҷои ҷалол аз нанг сер шудаӣ, пас ту низ нӯшида, заҳролуд шав: косаи ямини Худованд бар ту фурӯд хоҳад омад, ва расвоӣ — бар ҷалоли ту.


Инак, мисли дузд меоям: хушо касе ки ҳушьёр аст ва либоси худро нигоҳ медорад, то ки бараҳна роҳ наравад, ва расвоии ӯро набинанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan