Эй кӯҳҳои Ҷилбӯа! Бигзор бар шумо на шабнам биборад ва на борон, ва на киштзоре барои ҳадияҳо бошад, зеро ки дар он ҷо сипари паҳлавонон, сипари Шоул палид гардидааст, бе он ки бо равған тадҳин карда шуда бошад.
Дарвозаҳои он ба замин фурӯ рафтааст; ғалақаҳои онро вайрон карда шикастааст; подшоҳи он ва мирони он дар миёни ғайрияҳудиён мебошанд; шариате нест; анбиёи он низ рӯъёе аз ҷониби Худованд намеёбанд.
Ва Ман доми Худро бар ӯ хоҳам афканд, ва ӯ дар тӯри Ман хоҳад афтод, ва ӯро ба Бобил, ба замини калдониён хоҳам овард, ва ӯ онро нахоҳад дид, ва дар он ҷо хоҳад мурд.
Аммо решаи асосиашро дар замин бимонед, ва бигзор ӯ бо бандҳои оҳан ва мис дар миёни сабзаи саҳро аз шабнами осмон тар шавад, ва бо ҳайвонот насиби ӯ алафи замин бошад;