Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 4:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Чӣ гуна фарзандони азизи Сион, ки ба зари холис баробар буданд, мисли кӯзаи сафолине ки амали дасти кулол аст, ҳисоб шудаанд!

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 4:2
12 Iomraidhean Croise  

Ва фурӯғалтии он мисли шикастани кӯзаи сафолин хоҳад буд, ки бе шафқат пора‐пора мешавад, ба тавре ки дар миёни пораҳояш сафолпорае ёфт намешавад, то ки оташ аз манқал бикашанд ва об аз кӯлмак бигиранд».


Аз ҳамаи писароне ки вай зоидааст, яке набуд, ки варо раҳбарӣ намояд, ва аз ҳамаи писароне ки вай ба воя расонидааст, яке набуд, ки дасти варо гирад.


Худованд чунин гуфт: «Бирав ва кӯзаи сафолин аз кулолгар бихар, ва баъзе аз пирони қавм ва пирони коҳинонро бо худ бигир.


Ва ба онҳо бигӯй: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: ин қавм ва ин шаҳрро ончунон хоҳам шикаст, чунон ки зарфи кулолгарро мешикананд, ва онро дигар дуруст кардан мумкин нест; ва онҳоро, ба сабаби камии ҷои дафн, дар Тӯфет дафн хоҳанд кард.


Оё ин шахс, Коньё, ҳайкали манфури шикастаест, ё зарфи нодаркорест? Чаро онҳо — ӯ ва насли ӯ — дур андохта, ба замине ки намедонистанд, партофта шудаанд?


Наврасон ва пирон бар хоки кӯчаҳо хобидаанд; дӯшизагонам ва ҷавононам аз дами шамшер афтодаанд; Ту онҳоро дар рӯзи ғазаби худ куштаӣ, ба қатл расондаӣ ва раҳме накардаӣ;


Мирон бо дасти онҳо ба дор кашида мешаванд, пирон эҳтиром надоранд.


Исроил фурӯ бурда шудааст; алҳол онҳо дар миёни халқҳо мисли зарфи нодаркоре мебошанд.


Зеро ки Яҳудоро барои Худ ҳамчун камон хоҳам кашид, ва онро бо тири Эфроим пур хоҳам кард, ва писарони туро, эй Сион, ба муқобили писарони ту, эй Юнон, хоҳам барангехт, ва туро мисли шамшери баҳодур хоҳам гардонид.


Лекин мо ин ганҷро дар зарфҳои гилин дорем, то маълум шавад, ки бартарии қувват аз они Худо бошад, на аз ҷониби мо;


Вале дар хонаи калон на танҳо зарфҳои тилло ва нуқра, балки чӯбин ва гилин ҳам ҳаст, ва аз онҳо баъзе барои истеъмоли иззатнок аст, ва баъзе барои истеъмоли зиллатнок.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan