Инак, Ман моҳигирони бисьёрро хоҳам фиристод, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро шикор хоҳанд кард; ва пас аз он сайёдони бисьёрро хоҳам фиристод, ва онҳоро аз болои ҳар кӯҳ ва аз болои ҳар теппа ва аз шикофҳои сахраҳо сайд хоҳанд кард.
Ва аспони онҳо аз палангон чобуктар, ва аз гургони шаб далертаранд, ва саворони онҳо сершуморанд, ва саворони онҳо аз дурдаст меоянд, мисли уқобе ки сӯи шикори худ мешитобад, парида меоянд.