Инак, Ман моҳигирони бисьёрро хоҳам фиристод, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро шикор хоҳанд кард; ва пас аз он сайёдони бисьёрро хоҳам фиристод, ва онҳоро аз болои ҳар кӯҳ ва аз болои ҳар теппа ва аз шикофҳои сахраҳо сайд хоҳанд кард.
Ва Ӯ гуфт: «Эй Омӯс, ту чӣ мебинӣ?» Гуфтам: «Сабаде пур аз меваҷот». Ва Худованд ба ман гуфт: «Заволи қавми Ман Исроил фаро расидааст; дигар аз гуноҳашон гузароӣ нахоҳам кард.