17 Чашмони мо ҳанӯз ба мадад беҳуда чор мешуд: дар чашмдошти худ ба халқе умедвор будем, ки вай наметавонист моро наҷот диҳад.
Ва подшоҳи Миср дигар аз замини худ набаромад, зеро ки подшоҳи Бобил аз наҳри Миср то наҳри Фурот ҳар чиро, ки ба подшоҳи Миср тааллуқ дошт, гирифта буд.
Ва аз Ҳабаш, ки пуштибони онҳост, ва аз Миср, ки ифтихори онҳост, ҳаросон ва хиҷил хоҳанд шуд.
Ва иттифоқи шумо бо марг ботил хоҳад шуд, ва сулҳи шумо бо дӯзах поянда нахоҳад монд. Вақте ки тозиёнаи ҳалокатовар бигзарад, шумо ба зери он поймол хоҳед шуд.
Ва акнун туро бо роҳи Миср чӣ кор аст, — то ки аз оби Шиҳӯр бинӯшӣ? Ва туро бо роҳи Ашшур чӣ кор аст, — то ки аз оби наҳр бинӯшӣ?
Чаро ин қадар ба залолат афтода, роҳи худро тағьир медиҳӣ? Чунон ки аз Ашшур хиҷил шудаӣ, ончунон аз Миср низ хиҷил хоҳӣ шуд;
Аз вай низ, дастҳоятро бар сарат гузошта, берун хоҳӣ рафт, зеро Худованд аз онҳое ки пушту паноҳат медонӣ, нафрат дорад, ва ту бо онҳо муваффақият нахоҳӣ ёфт.
«Мавсими дарав гузашт, тобистон тамом шуд, вале мо наҷот наёфтаем».
Дӯстдорони худро даъват намудам, лекин онҳо дар ҳаққи ман хиёнат карданд; коҳинонам ва пиронам дар шаҳр ҷон доданд, дар ҳолате ки барои худ хӯрок меҷустанд, то ки зинда бимонанд.
Ерусалим дар айёми мусибатҳо ва уқубатҳои худ ҳамаи нозу неъматҳои худро, ки аз қадимулайём дошт, ба ёд меоварад, дар сурате ки қавми вай ба дасти душман афтодааст, ва мададгоре барои вай нест; адуён ба вай нигариста, ба ҳоли харобиҳояш механданд.
Ба Миср ва Ашшур даст кафча кардем, то ки аз нон сер шавем.
Ва он дигар барои хонадони Исроил пушту паноҳе нахоҳад буд, ки маъсияташонро ба ёд меоварда бошад, ки он вақт онҳо ба он муроҷиат карда буданд; ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд Худо ҳастам“».