Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 4:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Хашми Худованд онҳоро пароканда хоҳад кард, дигар ба онҳо назари нек нахоҳад кард: дар он ҷо коҳинонро рӯихотир намекунанд ва ба пирон раҳм надоранд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 4:16
20 Iomraidhean Croise  

Малъун бод хашми онҳо, зеро ки тунд аст; ва ғазаби онҳо, зеро ки сахт аст; онҳоро дар Яъқуб тақсим кунам, ва дар Исроил пароканда намоям.


Ва Ӯ подшоҳи калдониёнро бар онҳо овард, ки вай ҷавонони онҳоро дар хонаи муқаддасашон бо шамшер кушт, ва бар ҷавонон ва дӯшизагон ва пирон ва мӯйсафедон шафқат нанамуд: Ӯ ҳамаро ба дасти вай супурд.


Мисли мастон чарх мезаданд ва мекалавиданд, ва тамоми ҳикматашон саргум шуд.


Ва чунон ки қавм бошанд, ончунон коҳин хоҳад буд, чунон ки ғулом — ончунон оғояш, чунон ки каниз — ончунон хотунаш, чунон ки харидор — ончунон фурӯшанда, чунон ки қарзхоҳ — ончунон қарздор, чунон ки даъвогар — ончунон ҷавобгар.


Ман бар қавми Худ хашм гирифтам, мероси Худро хор доштам, ва онҳоро ба дасти ту супурдам, — аммо ту ба онҳо раҳм накардӣ, юғи худро бар пирон бағоят гарон кардӣ.


Ва Ман онҳоро барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат табдил хоҳам дод, аз боиси Менашше ибни Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо ва корҳое ки ӯ дар Ерусалим кардааст.


Ва онҳоро барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат ва мусибат, ва дар ҳамаи маконҳое ки онҳоро ба он ҷо бадар рондаам, ба нанг ва масал, ба масхара ва лаънат табдил хоҳам дод;


Ва сардори посбонон Сароёи саркоҳин ва Сафаньёи коҳини дуюм ва се посбони даромадгоҳро гирифт;


«Худовандо! Назар андоз ва бубин, ки чунин амалро ба кӣ кардаӣ? Оё равост, ки занон меваи батни худро, — кӯдаконеро, ки ба сад ноз парварда буданд, — бихӯранд? Оё равост, ки коҳин ва набӣ дар қудси Худованд кушта шаванд?


Ва хаймаи Худро мисли боғ аз миён бардошта, ҷамъомадгоҳи Худро хароб кардааст. Худованд дар Сион рӯзҳои ид ва шанберо фаромӯш кунонидааст ва дар шиддати ғазаби Худ подшоҳ ва коҳинро хорузор намудааст.


Мирон бо дасти онҳо ба дор кашида мешаванд, пирон эҳтиром надоранд.


Бинобар ин падарон андаруни ту писаронро хоҳанд хӯрд, ва писарон падарони худро хоҳанд хӯрд, ва Ман бар ту довариҳо хоҳам намуд, ва тамоми бақияи туро ба сӯи ҳар бод пароканда хоҳам кард.


Худованд туро пеши душманонат мағлуб хоҳад кард; бо як роҳ ба зидди онҳо берун хоҳӣ рафт, ва бо ҳафт роҳ аз пеши онҳо хоҳӣ гурехт, ва барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшате табдил хоҳӣ ёфт.


Мегуфтам: онҳоро ба ҳар ҷониб пароканда хоҳам кард, зикрашонро аз миёни мардум маҳв хоҳам сохт, —


На чунон аҳде ки бо падарони онҳо баста будам дар рӯзе ки дасташонро гирифтам, то онҳоро аз замини Миср берун оварам; чунки онҳо дар аҳди Ман қоим набуданд, ва Ман ба онҳо эътино накардам, мегӯяд Худованд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan