Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 4:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Мисли кӯрон дар кӯчаҳо мегаштанд, дар ҳолате ки ба хун олуда буданд, ба тавре ки ба либосҳои онҳо касе наметавонист бирасад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 4:14
15 Iomraidhean Croise  

Ва ҳангоме ки дастҳои худро дароз мекунед, чашмони Худро аз шумо мепӯшам; дуоро афзун кунед ҳам, намешунавам, чунки дастҳои шумо пур аз хун аст.


Посбонони вай ҳамаашон кӯр ҳастанд ва нодон; ҳамаашон сагони гунг ҳастанд, ки наметавонанд ак‐ак кунанд; хобида сафсата мегӯянд, пинак рафтанро дӯст медоранд.


Дар домани либосат низ хуни ҷонҳои мискинони бегуноҳ ёфт шуд: агарчи онҳоро дар вақти дуздӣ наёфтаӣ, бо вуҷуди ҳамаи инҳо,


Ва чун Ирмиё гуфтани ҳар он чиро, ки Худованд амр фармуда буд, ки ба тамоми халқ бигӯяд, ба итмом расонид, коҳинон ва анбиё ва тамоми қавм ӯро дастгир карда, гуфтанд: «Ту бояд бимирӣ!


Ва мардони одил бар онҳо доварӣ хоҳанд кард, чунон ки бар занони зинокор ва хунрез доварӣ мекунанд, зеро ки онҳо зинокоранд, ва дастҳошон хунолуд аст.


Қасам хӯрдан ва қасамро шикастан, ва қатл ва дуздӣ ва зино кардан бағоят паҳн шудааст, ва ҷараёни хун бо ҷараёни хун мепайвандад.


Ва Ман одамонро ба танг меоварам, ва онҳо мисли кӯрон роҳ хоҳанд рафт, зеро ки пеши Худованд гуноҳ кардаанд; ва хунашон мисли ғубор, ва гӯшташон мисли саргин рехта хоҳад шуд.


Ва ҳар кӣ дар саҳро ба ҷасади каси бо шамшер кушташуда, ё бо аҷали худ мурда, ё ба устухони одамизод, ба қабри вай мерасад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.


Ва заминеро, ки шумо дар он сукунат доред, палид накунед, зеро ки хун заминро палид мекунад; ва замин барои хуне ки дар он рехта шудааст, кафорат намеёбад, магар бо хуни касе ки онро рехтааст.


Онҳоро ба ҳоли худашон бигзоред; онҳо кӯроне ҳастанд, ки ба кӯрон роҳнамоӣ мекунанд; ва ҳар гоҳ кӯре ба кӯри дигаре роҳнамоӣ кунад, ҳар ду дар чоҳ хоҳанд афтод».


Ақлашон тира гардида, онҳо аз ҳаёти Худо бегона шудаанд, ба сабаби ҷаҳолат ва дилсахтие ки ба онҳо хос аст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan