Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 4:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Худованд хашми Худро ба анҷом расондааст, шиддати ғазаби Худро фурӯ рехтааст ва оташе дар Сион афрӯхтааст, ки он асосҳои варо хӯрдааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 4:11
29 Iomraidhean Croise  

Писарони ту бемаҷол гардида, дар сари ҳар кӯча мисли говмеши ба домафтодае хобидаанд, дар ҳолате ки аз ғазаби Худованд, аз итоби Худои ту пур шудаанд.


Ва онҳоро, яъне падарон ва писаронро, ба якдигар зада, пора‐пора хоҳам кард; дар вақти талаф сохтани онҳо дилсӯзӣ, шафқат ва раҳм нахоҳам кард“».


Ва агар Маро нашнида, рӯзи шанберо тақдис нанамоянд ва дар рӯзи шанбе боре бардошта, ба дарвозаҳои Ерусалим дароянд, он гоҳ Ман ба дарвозаҳояш оташ хоҳам зад, — ва он қасрҳои Ерусалимро хоҳад сӯзонид ва хомӯш нахоҳад шуд“».


Валекин Ман мувофиқи самари аъмолатон шуморо ҷазо хоҳам дод, — мегӯяд Худованд, — ва оташе дар ҷангали он хоҳам зад, ки тамоми гирду атрофи онро хоҳад сӯзонид».


Шояд, онҳо ба ҳузури Худованд истиғоса баранд ва ҳар яке аз роҳи бади худ баргарданд, зеро хашму ғазабе ки Худованд дар бораи ин қавм баён намудааст, бузург аст».


Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак, хашми Ман ва ғазаби Ман бар ин макон, бар одам ва бар ҳайвон, ва бар дарахти саҳро ва бар меваи замин рехта мешавад, ва он хоҳад сӯхт ва хомӯш нахоҳад шуд».


Чӣ гуна Худованд дар вақти ғазаби Худ духтари Сионро бо абрҳои тира пӯшонидааст, шукӯҳи Исроилро аз осмон ба замин афкандааст ва пойандози Худро дар рӯзи ғазаби Худ ба ёд наовардааст!


Худованд он чи қарор дода буд, иҷро кардааст; амреро, ки аз қадимулайём фармуда буд, ба амал овардааст: хароб намуда, раҳме накардааст ва душманро бар ту шод гардонда, шохи адуёнатро баланд бардоштааст.


Дар шиддати ғазаби Худ тамоми шохи Исроилро шикастааст, ямини Худро аз омадани душман баргардонидааст ва Яъқубро мисли забонаҳои оташе ки ҳамаи чизҳои давру пешро фурӯ мебарад, сӯзонидааст;


Камони Худро мисли душман зеҳ кардааст, бо ямини Худ мисли аду ба қиём бархостааст ва ҳамаи назаррабоёнро куштааст; бар хаймаи духтари Сион хашми Худро мисли оташ рехтааст.


Худованд қарор додааст, ки ҳисори духтари Сионро хароб кунад; шоқул кашида, дасти Худро аз талаф кардан бознадоштааст; ва истеҳком ва ҳисорро, ки якҷоя ба хок яксон шудаанд, кисвати сӯгворӣ пӯшонидааст.


Эй духтари Сион! Маъсияти ту акнун тамом шудааст: Ӯ туро дигар ҷалои ватан нахоҳад кард. Аммо маъсияти туро, эй духтари Адӯм, Ӯ ба ҷазо мустаҳиқ намуда, гуноҳҳоятро ошкор хоҳад кард.


Пас, хашми Худро бар онҳо фурӯ хоҳам рехт, бо оташи ғазаби Худ онҳоро несту нобуд хоҳам кард, подоши рафторашонро бар сарашон хоҳам овард, мегӯяд Худованд Худо“».


Ва Ман аз боиси хуне ки онҳо бар замин рехтанд, ва онро бо бутҳои худ палид сохтанд, хашми Худро бар онҳо фурӯ рехтам.


Касе ки дур бошад, аз вабо хоҳад мурд, ва касе ки наздик бошад, аз шамшер хоҳад афтод, ва касе ки дар муҳосира боқӣ монда бошад, аз қаҳтӣ хоҳад мурд; ва Ман ғазаби Худро бар онҳо ба итмом хоҳам расонид.


Ва Ӯ каломи Худро, ки дар ҳаққи мо ва дар ҳаққи доварони мо, ки бар мо доварӣ мекарданд, гуфта буд, иҷро намуда, бар мо мусибати бузурге овард, ки мисли он зери тамоми осмон ба амал наомадааст, чунон ки дар Ерусалим ба амал омадааст;


Он гоҳ Ман бо ғазаб бар хилофи шумо рафтор хоҳам кард, ва Ман низ шуморо барои гуноҳҳотон ҳафтчандон ҷазо хоҳам дод.


Пеш аз он ки ҳукми ҷазо ба амал ояд, — чунки рӯз мисли пари коҳ зуд гузашта меравад, — пеш аз он ки шиддати хашми Худованд бар шумо фурӯд ояд, пеш аз он ки рӯзи ғазаби Худованд бар шумо фурӯд ояд.


Аммо суханони Ман ва фароизи Ман, ки ба бандагони Худ анбиё амр фармуда будам, магар ба сари падарони шумо наомад? Ва онҳо баргаштанд ва гуфтанд: „Чунон ки Худованди лашкарҳо қарор дода буд, ки бо мо мувофиқи роҳҳоямон ва корҳоямон амал намояд, ончунон бо мо амал намуд“».


Чунки ин айёми интиқом аст, то ба амал ояд ҳар он чи навишта шудааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan