10 Дастҳои занони раҳмдил бачаҳои худро пухтаанд, то ки дар вақти шикасти духтари қавми ман барояшон хӯрок шавад.
Дар рӯзи нӯҳуми моҳ қаҳтӣ дар шаҳр пурзӯр шуд, ва барои қавми мамлакат нон набуд.
Эй шаҳри пурҷӯшу хурӯш, ки пурҳаяҷон ҳастӣ, эй шаҳри пурсурур! Мақтулони ту мақтулони шамшер нестанд ва дар ҷанг талаф нашудаанд.
«Оё зан бачаи ширмаки худро фаромӯш карда, ба писари батни худ раҳмаш намеояд? Ва инҳо фаромӯш кунанд ҳам, Ман туро фаромӯш нахоҳам кард.
Ва гӯшти писарони онҳо ва гӯшти духтарони онҳоро ба онҳо хоҳам хӯронид, ва дар муҳосира ва тангие ки душманонашон ва толибони ҷонашон бар онҳо хоҳанд овард, онҳо гӯшти якдигарро хоҳанд хӯрд“.
Чашмонам аз ашк оҷиз шудааст, амъоям ҷӯш мезанад, ҷигарам аз шикасти духтари қавми ман бар замин мерезад, вақте ки кӯдакон ва ширмакон дар кӯчаҳои шаҳр беҳуш шуда меғалтанд.
«Худовандо! Назар андоз ва бубин, ки чунин амалро ба кӣ кардаӣ? Оё равост, ки занон меваи батни худро, — кӯдаконеро, ки ба сад ноз парварда буданд, — бихӯранд? Оё равост, ки коҳин ва набӣ дар қудси Худованд кушта шаванд?
Аз шикасти духтари қавми ман аз чашмам ҷӯйбори об мерезад.
Шағолон низ пистон берун оварда, бачаҳои худро мемаконанд, лекин духтари қавми ман, мисли шутурмурғҳо дар биёбон, бераҳм шудааст.
Бинобар ин падарон андаруни ту писаронро хоҳанд хӯрд, ва писарон падарони худро хоҳанд хӯрд, ва Ман бар ту довариҳо хоҳам намуд, ва тамоми бақияи туро ба сӯи ҳар бод пароканда хоҳам кард.
Ва гӯшти писарони худро хоҳед хӯрд, ва гӯшти духтарони худро хоҳед хӯрд.