Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 4:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Чӣ гуна тилло хира шудааст, зари холис тағьир ёфтааст, сангҳои гаронбаҳо дар сари ҳар кӯча партофта шудааст!

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 4:1
11 Iomraidhean Croise  

Пойтахти амин чӣ гуна зинокор шудааст! Вай аз инсоф пур буд, дар вай адолат сокин буд, вале алҳол — қотилон!


Эй зӯҳраи субҳидам, чӣ гуна аз осмон афтодаӣ! Эй, ки халқҳоро поймол мекардӣ, чӣ гуна ба замин бархӯрдаӣ!


Ва хонаи Худованд ва хонаи подшоҳро сӯзонид; ва ҳамаи хонаҳои Ерусалим ва ҳар хонаи бузургонро ба оташ сӯзонид.


Шабонгоҳ, дар аввали посҳо, бархоста фиғон бардор; ба ҳузури Худованд дили худро мисли об рехта холӣ кун; дастҳои худро дар бораи ҷони кӯдаконат, ки дар сари ҳар кӯча аз гуруснагӣ беҳуш мешаванд, сӯи Ӯ боло бардор:


«Эй писари одам! Хонадони Исроил барои Ман ғаш гардидаанд; ҳамаи инҳо — мис ва қалъагӣ ва оҳан ва қӯрғошим — андаруни кӯра ғашши нуқра шудаанд.


Ва Сомарияро ба харобазори саҳро, ба макони токшинонӣ табдил хоҳам дод; ва сангҳои онро ба дара андохта, таҳкурсиҳои онро намоён хоҳам кард.


Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё ҳамаи инҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар ин ҷо санге бар санге нахоҳад монд; ҳамааш хароб хоҳад шуд».


Исо ба ҷавоби вай гуфт: «Ин иморатҳои бузургро мебинӣ? Ҳамаи ин хароб хоҳад шуд, ба дараҷае ки санге бар санге нахоҳад монд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan