8 Агарчи фарьёд ва истиғоса менамоям, дуои маро пешгирӣ кардааст;
Инак, аз дасти зулм фарьёд мекашам, ва мустаҷоб намешавам; истиғоса мебарам, ва инсофе нест.
Сӯи Ту истиғоса мебарам, ва иҷобат намекунӣ; ба дуо меистам, фақат бар ман назар меандозӣ.
Дар чарогоҳҳои сералаф маро мехобонад, сӯи обҳои роҳатафзо маро мебарад,
Дар сари моҳ шох навозед, дар рӯзи моҳи пурра низ, ки рӯзи иди мост.
Худро бо ғазаб пӯшонида, моро таъқиб намудаӣ, куштаӣ, раҳме накардаӣ;
Худро бо абр пӯшонидаӣ, то ки дуо нагзарад;
То ба кай, эй Худованд, истиғоса намоям, — ва Ту иҷобат намекунӣ, сӯи Ту дар бораи ситам фарьёд занам, — ва Ту наҷот намедиҳӣ?
Ва наздик ба соати нӯҳум Исо бо овози баланд фарьёд зада гуфт: «Элӣ, Элӣ! Ламма сабақтанӣ?» Яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?»
Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ бичӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.