61 Таҳқири онҳоро, тамоми дасисакории онҳоро дар ҳаққи ман Ту, эй Худованд, мешунавӣ,
Валекин Ту, эй Худованд, тамоми қасди онҳоро, ки барои куштани ман доранд, медонӣ; пас гуноҳи онҳоро наомурз, ва маъсияти онҳоро аз хотири Худ набарор; бигзор онҳо ба ҳузури Ту вожгун гарданд; дар вақти ғазаби Худ бар онҳо доварӣ намо.
Ба касе ки варо мезанад, рухсори худро хоҳад дошт ва аз нанг сер хоҳад шуд.
Худовандо! Он чи ба мо рӯй додааст, ба ёд овар; назар андоз ва нанги моро бубин.
«Дашноми Мӯоб ва ҳақоратҳои банӣ‐Аммӯнро шунидаам, ки қавми Маро таҳқир намуда, дар ҳудуди онҳо калонигарӣ мекарданд.