6 Маро дар зулмот сокин гардондааст, мисли онҳое ки аз қадим мурдаанд;
Худовандо! Чист одам, ки ӯро бишносӣ? Ва фарзанди инсон, ки ӯро ба назари эътибор гирӣ?
Дасти Худро аз афроз бифрист; маро бираҳон ва маро аз обҳои бисьёр халосӣ деҳ, яъне аз дасти мардуми аҷнабӣ,
Мисли кӯрон деворро даст‐даст мекунем, ва мисли касони бечашм даст‐дасткунон роҳ меравем; дар нимирӯзӣ мисли торикии шом пешпо мехӯрем, дар миёни тандурустон мисли мурдагонем.