Агар Худои падарам, Худои Иброҳим ва Ҳайбати Исҳоқ бо ман намебуд, ту ҳоло маро тиҳидаст равона мекардӣ. Худо мусибати маро, ва ранҷи дастҳои маро дид, ва дишаб доварӣ кард».
Вой бар ман, эй модарам, ки ту маро марде зоидаӣ, ки тамоми аҳли замин бо ман низоъ ва нифоқ мекунанд! На ба касе қарз додаам, ва на аз касе қарз гирифтаам, лекин ҳама ба ман лаънат мехонанд.