Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 3:57 - Китоби Муқаддас 1992 1999

57 Дар рӯзе ки Туро хондам, наздик шуда гуфтӣ: „Натарс!“

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 3:57
16 Iomraidhean Croise  

Ва дар ҳамон шаб Худованд бар ӯ зоҳир гардида, гуфт: «Ман Худои падарат Иброҳим ҳастам; натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам, ва туро баракат медиҳам, ва насли туро, ба хотири бандаи Худ Иброҳим, афзун хоҳам кард».


Ва Ишаъё ба онҳо гуфт: «Ба оғои худ чунин гӯед: „Худованд чунин мегӯяд: аз суханоне ки шунидаӣ, ки бо онҳо навкарони подшоҳи Ашшур Маро ҳақорат додаанд, натарс.


Атвор ва кирдори маро санҷидаӣ, ва ҳамаи роҳҳоям ба Ту маълум аст.


Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам; наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам: Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод, ва туро бо ямини адолати Худ дастгирӣ хоҳам кард.


Натарс, эй кирми Яъқуб, эй бақияи камшумори Исроил! Ман туро ёварӣ хоҳам дод, — мегӯяд Худованд, — ва Қуддуси Исроил туро хоҳад раҳонид.


Он гоҳ ту дуо хоҳӣ гуфт, ва Худованд иҷобат хоҳад намуд; ту истиғоса хоҳӣ кард, ва Ӯ хоҳад гуфт: „Инак, Ман ҳозирам!“ Агар юғ, ишорати ангушт ва бадгапиро аз миёни худ дур созӣ,


Пас, ту камари худро бибанд, ва бархоста, ҳар он чиро Ман ба ту амр фармоям, ба онҳо бигӯй; аз онҳо натарс, мабодо туро пеши онҳо ба изтироб оварам.


Худованд як шаб дар рӯъё ба Павлус гуфт: «Натарс, балки суҳан бигӯ ва хомӯш набош,


Ва гуфт: „Эй Павлус, натарс! Ту бояд дар ҳузури қайсар ҳозир шавӣ, ва инак, Худо ҷони ҳамаи ҳамсафаронатро ба ту бахшидааст“.


Чунки шариат ҳеҷ чизро ба камол нарасондааст; лекин умеди беҳтаре ҷои онро гирифт, ки ба василаи он мо ба Худо наздик меоем.


Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд. Дастҳои худро бишӯед, эй гуноҳкорон, ва дилҳои худро пок кунед, эй дудилагон.


Ва ҳангоме ки Ӯро дидам, бар пойҳояш мисли мурда афтодам, ва Ӯ дасти рости Худро бар ман гузошта, гуфт: «Натарс; Манам Аввалин ва Охирин


Аз машаққатҳое ки бояд ба сарат ояд, натарс. Инак, иблис баъзеро аз миёни шумо дар зиндон хоҳад андохт, то ки шуморо биозмояд, ва шумо даҳ рӯз дар андӯҳ хоҳед афтод. То дами мамот амин бош, ва тоҷи ҳаётро ба ту хоҳам дод.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan