54 Об аз сарам гузашт; гуфтам: „Корам тамом шуд“.
Ё торикӣ, ки чизеро дар он намебинӣ, ва оби фаровон туро пӯшонидааст.
На гуфтор аст, на сухан; овози онҳо ба гӯш намерасад.
Хушо қавме ки бонги шодиро медонанд! Худовандо, онҳо дар нури рӯи Ту қадамгузор мешаванд;
Ӯ аз банд ва аз доварӣ гирифта шуд, ва кист, ки бо насли Ӯ мусоҳиба намояд? Зеро ки Ӯ аз замини зиндаҳо қатъ карда шуд; барои гуноҳҳои қавми Ман ба Ӯ осеб расид.
Ва гуфтам, ки қувватам ва умеде ки аз Худованд доштам, барбод рафтааст.
Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Ин устухонҳо тамоми хонадони Исроил мебошанд. Инак, онҳо мегӯянд: „Устухонҳои мо хушк шуд, ва умеди мо барбод рафт; мо маҳв шудаем“.
Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ бичӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.