Ва акнун, эй оғоям подшоҳ, бишнав: бигзор истиғосаи ман пеши ту мақбул афтад, ва ту маро ба хонаи Еҳӯнотони котиб барнагардон, то ки ман дар он ҷо намирам».
Ва Ирмиёро гирифта, дар чоҳи Малкиёи писари подшоҳ, ки дар саҳни посгоҳ буд, андохтанд, ва Ирмиёро бо таноб фурӯд оварданд, ва дар чоҳ об набуд, балки лӯш буд, ва Ирмиё дар лӯш ғӯтид.
«Эй оғоям подшоҳ! Ин одамон бо ҳар чи дар ҳаққи Ирмиёи набӣ карда, ӯро дар чоҳ андохтаанд, шарирона амал намудаанд, ва ӯ он ҷо аз гуруснагӣ хоҳад мурд, зеро ки дар шаҳр дигар нон нест».