Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 3:51 - Китоби Муқаддас 1992 1999

51 Чашмам аз барои ҳамаи духтарони шаҳри ман ҷони маро ба дард меоварад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 3:51
14 Iomraidhean Croise  

Зеро чӣ гуна назди падари худ биравам, ва ин ҷавон ҳамроҳи ман набошад? Мабодо балоеро, ки ба падарам рӯй диҳад, бубинам».


Бинобар ин Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Инак, онҳоро ҷазо хоҳам дод: ҷавононашон ба дами шамшер хоҳанд мурд, писаронашон ва духтаронашон аз қаҳтӣ хоҳанд мурд.


Ва қавме ки онҳо барояшон нубувват мекунанд, ба сабаби қаҳтӣ ва шамшер дар кӯчаҳои Ерусалим партофта хоҳанд шуд, ва касе нахоҳад буд, ки онҳо ва занони онҳо ва писарон ва духтарони онҳоро дафн кунад; ва Ман шарорати онҳоро бар онҳо хоҳам рехт.


Агар ба саҳро бароям, — инак, шаҳидони шамшер; ва агар ба шаҳр дароям, — инак, гирифторони қаҳтӣ; зеро ки ҳам набӣ ва ҳам коҳин бар замин овора шуда мегарданд ва ҳеҷ чизро намедонанд“».


Ва гӯшти писарони онҳо ва гӯшти духтарони онҳоро ба онҳо хоҳам хӯронид, ва дар муҳосира ва тангие ки душманонашон ва толибони ҷонашон бар онҳо хоҳанд овард, онҳо гӯшти якдигарро хоҳанд хӯрд“.


«Худованд одил аст, зеро ки аз амри Ӯ саркашӣ кардаам. Бишнавед, эй ҳамаи қавмҳо, ва дарди маро бубинед: дӯшизагонам ва ҷавононам ба асирӣ рафтаанд.


Чашмонам аз ашк оҷиз шудааст, амъоям ҷӯш мезанад, ҷигарам аз шикасти духтари қавми ман бар замин мерезад, вақте ки кӯдакон ва ширмакон дар кӯчаҳои шаҳр беҳуш шуда меғалтанд.


Наврасон ва пирон бар хоки кӯчаҳо хобидаанд; дӯшизагонам ва ҷавононам аз дами шамшер афтодаанд; Ту онҳоро дар рӯзи ғазаби худ куштаӣ, ба қатл расондаӣ ва раҳме накардаӣ;


То даме ки Худованд аз осмон назар андозад ва бубинад.


Онҳое ки ноҳақ ба ман душманӣ доранд, маро мисли мурғе сайд карданӣ шуданд;


Занонро дар Сион беисмат мекунанд, дӯшизагонро — дар шаҳрҳои Яҳудо.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan