48 Аз шикасти духтари қавми ман аз чашмам ҷӯйбори об мерезад.
Таронаи Довуд. Бо тамоми дилам Туро ҳамд хоҳам гуфт; дар рӯ ба рӯи худоён Туро хоҳам сароид.
Ва агар шумо инро нашнавед, ҷони ман аз дидани ғурури шумо ба таври пинҳонӣ гирья хоҳад кард; ва чашми ман зор‐зор гириста, ашк хоҳад рехт, зеро ки рамаи Худованд ба асирӣ бурда шудааст.
Ва ин каломро ба онҳо бигӯй: „Бигзор чашмонам шабу рӯз ашк резад, ва ашкаш хотима наёбад; зеро ки духтари бокираи қавми ман бо шикасти азиме шикаст хӯрдааст, бо зарбае ки ҳалокатовар аст.
Амъои ман, амъои ман! Маро ларза гирифатаст! Пардаҳои дили ман! Дили ман андаруни ман ба ҳаяҷон омадааст, наметавонам хомӯш монам; зеро ки ту, эй ҷони ман, овози шох ва нидоҳои ҷангро шунидаӣ.
Кошки сари ман чашмаи об мебуд, ва чашмонам — чашмаи ашк! Рӯзу шаб барои шаҳидони духтари қавми худ мегиристам.
Бигзор онҳо шитоб намуда, барои мо навҳагарӣ кунанд, то ки аз чашмони мо сиришк резад, ва аз мижгони мо об ҷорӣ шавад.
Дар ҳаққи инҳо ман гирья мекунам: аз чашмам, аз чашмам об мерезад, зеро тасаллидиҳандае ки ҷонамро қувват медода бошад, аз ман дур шудааст; писаронам хонавайрон шудаанд, зеро ки душман зӯр баромадааст».
Чашмонам аз ашк оҷиз шудааст, амъоям ҷӯш мезанад, ҷигарам аз шикасти духтари қавми ман бар замин мерезад, вақте ки кӯдакон ва ширмакон дар кӯчаҳои шаҳр беҳуш шуда меғалтанд.
Дили онҳо сӯи Худованд фарьёд мекунад: эй ҳисори духтари Сион! Рӯзу шаб мисли ҷӯйбор ашк рез, ба худат оромӣ надеҳ, гавҳараки чашмат қарор наёбад.