Худованд он чи қарор дода буд, иҷро кардааст; амреро, ки аз қадимулайём фармуда буд, ба амал овардааст: хароб намуда, раҳме накардааст ва душманро бар ту шод гардонда, шохи адуёнатро баланд бардоштааст.
Наврасон ва пирон бар хоки кӯчаҳо хобидаанд; дӯшизагонам ва ҷавононам аз дами шамшер афтодаанд; Ту онҳоро дар рӯзи ғазаби худ куштаӣ, ба қатл расондаӣ ва раҳме накардаӣ;
Ва чашмам риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард; ба ту бар тибқи рафтор ва аъмоли зишти ту, ки андаруни туст, подош хоҳам дод; ва хоҳед донист, ки Ман Худованди ҷазодиҳанда ҳастам.