Ва гуфтам: «Эй Худои ман! Аз бардоштани рӯи худ ба сӯи Ту, эй Худои ман, шарм ва хиҷолат дорам, зеро ки гуноҳҳои мо бисьёр шуда аз сар гузаштааст, ва маъсияти мо афзуда, то ба осмон расидааст.
Ва саркашӣ намуда, ба Ту осӣ шуданд, ва аз Тавроти Ту рӯ гардонданд, ва анбиёи Туро, ба сабаби таъкид карданашон, то сӯи Ту руҷӯъ намоянд, куштанд, ва куфрҳои азиме ба амал оварданд.
Дар фисқу фуҷур ту он қадар палид гаштӣ, ки ҳарчанд Ман туро тоза кардам, аз палидии худ тоза нашудӣ; то хашми Худро Ман бар ту ба итмом нарасонам, ту дигар тоза нахоҳӣ шуд.
Аммо суханони Ман ва фароизи Ман, ки ба бандагони Худ анбиё амр фармуда будам, магар ба сари падарони шумо наомад? Ва онҳо баргаштанд ва гуфтанд: „Чунон ки Худованди лашкарҳо қарор дода буд, ки бо мо мувофиқи роҳҳоямон ва корҳоямон амал намояд, ончунон бо мо амал намуд“».