40 Пас, роҳҳои худро бояд тафтиш ва таҳқиқ кунем ва сӯи Худованд баргардем,
Ва шотирон бо номаҳои подшоҳ ва сарваронаш ба тамоми Исроил ва Яҳудо рафта, бар тибқи амри подшоҳ гуфтанд: «Эй банӣ‐Исроил! Сӯи Худованд Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Исроил руҷӯъ намоед, ва Ӯ сӯи растагороне ки аз дасти подшоҳони Ашшур дар миёни шумо боқӣ мондаанд, руҷӯъ хоҳад кард;
Зеро вақте ки шумо сӯи Худованд руҷӯъ намоед, бародарон ва писарони шумо аз ҷониби асиркунандагони худ марҳамат хоҳанд дид, ва ба ин замин хоҳанд баргашт, зеро ки Худованд Худои шумо карим ва раҳим аст, ва агар сӯи Ӯ ручӯъ намоед, Ӯ аз шумо рӯй нахоҳад гардонид».
Вале бидонед, ки Худованд порсоёнро барои Худ ҷудо кардааст; Худованд мешунавад, вақте ки Ӯро мехонам.
Бигзор шарир роҳи худро, ва шахси бадкор фикрҳои худро тарк карда, сӯи Худованд баргардад, ва Ӯ ба вай раҳм хоҳад кард; ва сӯи Худои мо баргардад, зеро ки Ӯ бисьёр меомурзад.
Ӯ, ки назар андохта, аз ҳамаи ҷиноятҳои худ, ки ба амал оварда буд, тавба кардааст, ҳатман зинда хоҳад монд, ӯ нахоҳад мурд.
«Ту низ сӯи Худои худ руҷӯъ намо, марҳамат ва инсофро риоят бикун, ва ҳамеша ба Худои худ таваккал намо».
Ман рафта, ба макони Худ бармегардам, то даме ки онҳо ба гуноҳи худ иқрор шаванд, ва толиби рӯи Ман гарданд; дар тангии худ онҳо бо зудӣ ба Ман рӯ хоҳанд овард.
«Биёед, сӯи Худованд руҷӯъ намоем, зеро ки Ӯ даридааст, ва моро шифо хоҳад бахшид, Ӯ зарба задааст, ва моро ҷароҳатбандӣ хоҳад кард;
Балки дар навбати аввал ба сокинони Димишқ ва Ерусалим ва тамоми сарзамини Яҳудо ва низ ба ғайрияҳудиён мавъиза менамудам, ки тавба карда, ба Худо руҷӯъ намоянд ва корҳое кунанд, ки сазовори тавба бошад.
Пас, одамизод бояд худро имтиҳон кунад, ва ба ин тариқа аз он нон бихӯрад ва аз он коса бинӯшад.
Зеро, агар худамон худро доварӣ мекардем, ба доварӣ дучор намешудем.
Худро тафтиш намоед, ки оё дар имон ҳастед? Худро имтиҳон кунед. Ё шумо ҳудро намешиносед, ки Исои Масеҳ дар шумост? Магар ин ки шумо на ончунон ҳастед, ки бояд бошед.
Вақте ки ба тангӣ афтӣ, ва тамоми ин ҳодисот ба сарат ояд, дар охири айём, сӯи Худованд Худои худ баргашта, ба овози Ӯ гӯш хоҳӣ дод,