Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 3:39 - Китоби Муқаддас 1992 1999

39 Одами зинда чӣ ҳақ дорад гила кунад, вақте ки аз гуноҳҳои худаш ҷазо бинад?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 3:39
27 Iomraidhean Croise  

Ва Элишоъ ба подшоҳи Исроил гуфт: «Маро бо ту чӣ кор аст? Назди анбиёи падарат ва анбиёи модарат бирав». Ва подшоҳи Исроил ба вай гуфт: «Не, зеро ки Худованд ин се подшоҳро даъват намудааст, то ки онҳоро ба дасти Мӯоб бисупорад».


Ва Элишоъ дар хонаи худ нишаста буд, ва пирон ҳамроҳи ӯ нишаста буданд. Ва подшоҳ касеро аз ҷониби худ фиристод. Пеш аз он ки ин қосид назди ӯ биёяд, ӯ ба пирон гуфт: «Оё мебинед, ки ин писари қотил фиристодааст, то ки сари маро аз танам ҷудо кунад? Ҳушьёр бошед, ҳамин ки қосид биёяд, дарро пӯшида, варо бо дар пахш кунед. Инак, садои похои оғои варо аз ақибаш мешунавам».


Ҳанӯз бо онҳо сухан меронд, ва инак, қосид назди ӯ фурӯд омад ва гуфт: «Инак, ин мусибат аз ҷониби Худованд аст! Чӣ гуна боз ба Худованд таваккал кунам?»


Ва баъд аз ҳамаи ин бадбахтиҳое ки ба сабаби аъмоли бади мо ва маъсияти бузурги мо ба сари мо омадааст, — гарчанде ки Ту, эй Худои мо, ҷазои гуноҳҳои моро кам карда, ба мо чунин халосие додаӣ, —


Ва асрори ҳикматро ба ту бифаҳмонад, зеро ки асли моҳияти он дучандон аст! Пас бидон, ки Худо баъзе аз гуноҳҳоятро барои ту фаромӯш хоҳад кард.


Зеро ки рӯҳи худро ба зидди Худо нигаронидаӣ, ва аз даҳонат чунин суханонро мебарорӣ.


Беақлии одам роҳи ӯро каҷ мекунад, вале дили ӯ аз Худованд гиламанд мешавад.


Писарони ту бемаҷол гардида, дар сари ҳар кӯча мисли говмеши ба домафтодае хобидаанд, дар ҳолате ки аз ғазаби Худованд, аз итоби Худои ту пур шудаанд.


Вой бар ман дар ин шикасти ман! Ҷароҳати ман сахт аст; вале ман гумон карда будам, ки ин фақат нотобист, ва ман онро паси сар хоҳам кард.


Чаро ту дар бораи шикасти худ, дар бораи дарди бедавои худ фиғон мекашӣ? Барои бисьёрии маъсияти ту, барои он ки гуноҳҳои ту афзудааст, Ман ин корҳоро ба ту кардаам.


Эҳсонҳои Худованд поён надорад, ва марҳаматҳои Ӯ беинтиҳост;


Аз ин рӯ, Ман низ бар хилофи онҳо рафтор кардаам, ва онҳоро ба замини душманонашон овардаам, то ки, шояд, он гоҳ дили номахтунашон мутеъ шуда, барои гуноҳи худ сазо ёбанд.


Ва агарчи замин аз ҷониби онҳо тарк карда хоҳад шуд, ва дар айёми аз онҳо хароб шуданаш аз шанбеҳои худ қаноат ҳосил хоҳад кард, ва онҳо барои гуноҳи худ сазо хоҳанд ёфт, барои он ки аз қонунҳои Ман нафрат карданд, ва ҷонашон аз фароизи Ман кароҳат дошт, —


Ғазаби Худовандро хоҳам бардошт, зеро ки пеши Ӯ гуноҳ кардаам; то даме ки Ӯ доди маро бигирад ва доварии маро ба амал оварад, маро ба рӯшноӣ хоҳад баровард, ва ман адолати Ӯро хоҳам дид.


Ва Мусо ба Худованд гуфт: «Чаро ба бандаи Худ бадӣ кардӣ? Ва чаро дар назарат илтифот наёфтам, ки бори тамоми ин қавмро бар ман гузоштӣ?


Ва фардояш тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил аз Мусо ва Ҳорун шиква карда, гуфтанд: «Шумо қавми Худовандро куштед!»


Ва банӣ‐Исроил ба Мусо сухан ронда, гуфтанд: «Инак, мо мемирем, ба ҳалокат мерасем, ҳамаамон ба ҳалокат мерасем!


Ва одамонро гармои зӯре сӯзонд, ва онҳо ба исми Худо, ки бар ин балоҳо ихтиёр дорад, куфр мегуфтанд ва тавба накарданд, то ки Ӯро ҷалол диҳанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan