Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 3:32 - Китоби Муқаддас 1992 1999

32 Балки, агар ғамгин кунад, аз рӯи эҳсонкории бузурги Худ марҳамат хоҳад намуд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 3:32
15 Iomraidhean Croise  

Вале Худованд ба онҳо илтифот ва раҳм карда, ба хотири аҳди худ, ки бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб баста буд, ба онҳо таваҷҷӯҳ намуд, ва нахост онҳоро несту нобуд кунад, ва то ҳол онҳоро аз ҳузури худ дур наандохтааст.


Ҳамаи ҳайвонҳои саҳроро об медиҳанд; гӯрхарон ташнагии худро мешикананд.


Маро аз доме ки барои ман пинҳон кардаанд, берун ор, зеро ки Ту истеҳкоми ман ҳастӣ.


Ва чунин воқеъ шуд, ки баъд аз айёми зиёде подшоҳи Миср мурд, ва банӣ‐Исроил аз кори сахт оҳу воҳ карда, фиғон кашиданд, ва истиғосаи онҳо аз кори сахт сӯи Худо баромад.


Ва Худованд гуфт: «Мазаллати қавми Худро дар Миср дидам, ва фиғони онҳоро аз дасти зулмкунандагонашон шунидам, ба тавре ки дарду озори онҳоро медонам.


Варо Ту баандоза сазо додаӣ, вақте ки бадар рондаӣ. Варо бо вазиши сахти Худ дур андохтаӣ, мисли он ки дар рӯзи боди шарқӣ бошад.


Ба андак муддате Ман туро тарк кардаам, ва бо марҳамати бузурге туро фароҳам хоҳам овард.


Оё Эфроим писари азизи Ман аст? Оё ӯ валади сурурангез аст? Зеро, ҳар бор, ки дар бораи ӯ сухан меронам, ӯро бисьёр ёд мекунам; бинобар ин ба ӯ дилам месӯзад, ба ҳар ҳол ба ӯ раҳм хоҳам кард», — мегӯяд Худованд.


Эҳсонҳои Худованд поён надорад, ва марҳаматҳои Ӯ беинтиҳост;


Чӣ гуна туро таслим кунам, эй Эфроим? Чӣ гуна туро бисупорам, эй Исроил? Чӣ гуна туро мисли Адмо таслим кунам, мисли Сабӯим вожгун созам? Дили Ман андаруни Ман вайрон шудааст, риққатҳои Ман якбора ба ҷӯш омадааст.


Худованд чунин мегӯяд: «Ҳарчанд онҳо пурзӯр ва сершумор бошанд ҳам, вале шикаст хӯрда, аз назар ғоиб хоҳанд шуд; ва туро, эй Яҳудо, ки ба азият дучор намудаам, дигар азият нахоҳам дод.


Ва ӯ бархоста, сӯи падараш равона шуд. Ва ҳанӯз ӯ хеле дур буд, ки падараш ӯро дида, раҳмаш омад; ва тозон рафта, ӯро ба оғӯш кашиду бӯсид.


Ва онҳо худоёни бегонаро аз даруни худ дур карданд, ва Худовандро ибодат намуданд; ва дили Ӯ аз боиси азиятҳои Исроил маҳзун шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan