30 Ба касе ки варо мезанад, рухсори худро хоҳад дошт ва аз нанг сер хоҳад шуд.
Мардон даҳони худро бар ман воз кардаанд, бо суханони нангин рухсорҳоямро мезананд; бар қасди ман забон як кардаанд.
Онҳо аз ман нафрат доранд, аз ман дур мешаванд, ва аз туф кардан бар рӯи ман худдорӣ намекунанд.
Он гоҳ моро зинда ба зинда фурӯ мебурданд, вақте ки хашмашон бар мо оташ гирифта буд;
Ман тахтапуштамро ба зарбазанҳо, ва рухсорамро ба ришканҳо додаам; рӯямро аз хориҳо ва туфкуниҳо пинҳон накардаам.
Алҳол дар фавҷҳо саф бибанд, эй духтари қӯшун! Моро муҳосира кардаанд; бари рӯи довари Исроилро бо асо хоҳанд зад.
Он гоҳ ба сару рӯи Ӯ туф кардан гирифтанд, ва Ӯро мезаданд; баъзеҳо Ӯро торсакӣ мезаданд
Лекин Ман ба шумо мегӯям: ба бадӣ муқобилат накун. Балки агар касе ба рухсораи рости ту торсакӣ занад, дигарашро низ ба сӯи ӯ бигардон;
Ҳар кӣ ба рухсораи ту торсакӣ занад, дигарашро низ сӯи вай бигардон; ва ҳар кӣ ҷомаи туро кашида гирад, дар гирифтани куртаат низ ба вай монеъ нашав.
Зеро, агар касе шуморо ғулом гардонад, агар касе ҳаққи шуморо хӯрад, агар касе шуморо ғорат кунад, агар касе худро баланд гирад, агар касе шуморо торсакӣ занад, шумо ӯро таҳаммул менамоед.