3 Фақат ба зидди ман тамоми рӯз гашта — баргашта дасти Худро нигаронидааст;
Ором будам, ва Ӯ маро пора‐пора кардааст, ва аз гарданам дошта, маро шикастааст, ва маро барои Худ ҳадаф қарор додааст.
Ба ман лутф намоед, ба ман лутф намоед шумо, эй ёронам! Зеро ки дасти Худо бар ман зарба расондааст.
Агар дасти худро бар ятиме боло карда бошам, вақте ки назди дарвоза барои худ мадад медидам, —
Зеро ки тирҳои Қодир андаруни ман аст, ки заҳри онҳоро рӯҳи ман мечашад; даҳшатҳои Худо бар зидди ман саф бастааст.
Гуфтам: «Роҳҳои худро эҳтиёт хоҳам кард, то ки бо забонам хатое накунам; ба даҳонам тумшуқбанд хоҳам зад, то даме ки шарир дар рӯ ба рӯи ман аст».
Ва дасти Худро бар ту хоҳам баргардонид, ва ғашши туро чун дар ишқор тоза хоҳам кард, ва тамоми нопокии туро дур хоҳам сохт.
Бинобар ин ғазаби Худованд бар қавми Ӯ оташ гирифтааст, ва Ӯ дасти Худро бар онҳо дароз карда, онҳоро зарба задааст, ва кӯҳҳо ба ларза омадааст, ва ҷасадҳои онҳо дар кӯчаҳо мисли ахлот партофта шудааст; бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст, ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
Валекин онҳо беитоатӣ намуда, Рӯҳулқудси Ӯро маҳзун мекарданд, ва Ӯ душмани онҳо гашта, ба муқобили онҳо меҷангид.
Худованд варо нахоҳад омурзид, балки он вақт ғазаби Худованд ва рашки Ӯ бар он кас аланга хоҳад зад, ва тамоми лаънате ки дар ин китоб навишта шудааст, ба сари вай хоҳад омад, ва Худованд номи варо аз зери осмон маҳв хоҳад кард;